Хеле мехоҳам, ки бо мавзӯи куруно ва кувид хайрухуш намоям, перомуни масоили дигар бо хонандагони гурӯҳ суҳбатҳое биороям. Вале чун тариқи интернет воқеияти дигареро мебинам, идомаи пайгирии ин қазияро лозим мешуморам, чун ҳамвандони азиз ба фориғболӣ ва саҳлангории фоҷиабор роҳ надиҳанд.
Банда ба иддаоҳои Вазорати беҳдошт ва Ситоди ҷумҳуриявии COVID-19 перомуни гуё қариб ба поён расидани вабо дар ватанамон бо шубҳа менигарам. Чун медонам, ки дар паси ибтикороти шитобзада ё бидуни таҳлили амиқ саломатӣ ва ҳатто ҷони инсонҳо меистад…
Дар ин ҷода беш аз ҳар риштаи дигар аз таҷрубаи ҷаҳонӣ, хосса ҳамсоягон бояд истифода бурд. Масалан, бародарони иронӣ иттилоъ медиҳанд, ки бо гарм шудани ҳаво дар баъзе манотиқ теъдоди гирифторони Кувид ру ба афзоиш аст ва ҳамарӯза то 2400 беморони навро ба қайд мегиранд. СҶБ (ВОЗ) низ то имрӯз аз пирӯзии ҷиддие болои куруновирус иттилое пахш накарда, балки идома додани низоми ниқобчапушӣ, фосилагирии иҷтимоӣ ва инзивои гирифторонро тавсия медиҳад.
Гумон мекунам, ки дар Тоҷикистон низ иҷозати кушодани муассисаҳое, ки иҷтимои бузурги инсонҳо дар онҳо эҳтимол дорад, бояд батадриҷ, аввал дар баъзе шаҳру навоҳӣ ва бо таҳлили натиҷаи он дар манотиқи боқимонда зина ба зина ва бо тавсияи риояи фосилаи на кам аз 1-метрии байни мизоҷон, бастани ниқобчаҳо ва безараркунии дастон ба роҳ монда шаванд. Пандемӣ ба охир нарасидааст! Лутфан ба навиштаи қаблии банда перомуни арқому омор назар бикунед, шуюъи такрории сироят метавонад бошиддаттар ва хавфноктар аз аввалӣ сурат бигирад.
Навидҳои нисбатан хушҳолкунанда куруноӣ, агар чунин номидан раво бошад:
— пизишкони Чинӣ эълом намуданд, ки 5 намуди воксини алайҳи куруновирус сохтаашон дар арафаи санҷишҳои клиникӣ қарор доранд ва дар сурати натоиҷи хуб нишон додани таҷрибаҳо Ҷумҳурии халқии Чин ваъда медиҳад, ки аҳолии тамоми кураи заминро бо воксин (ройгон) таъмин намояд.
-дар Русия аз паи доруи зиддивирусии Афиновир ба истеҳсоли доруи дигаре бо номи «Левилимаб» (Илсира) шурӯъ намудаанд, ки оризаи вазнини кувидро («цитокиновый шторм») бартараф мекунад;
-мавъизаи олими шинохтаи исломии кишвар Маҳмудҷон Тураҷонзода перомуни шуюъи куруновирус дар интернет лойкҳои зиёде пайдо кардааст: аз ҷумла ӯ бо овардани аҳодису ривоёти саҳеҳи динӣ собит намудааст, ки карантин, инзивои беморони тоъун аз ҷумлаи фармоиши шаръиянд ва барои мусалмонон ин чораҳо чизи наве нестанд. Ҳамчунин ҳукми шаҳид пайдо кардани қурбониён аз вабои асрро эшон бо баёни далоили шаръӣ собит намудаанд;
-олимони инглис сатҳи баланди фавти беморони кувидро бо норасогии витамини Д вобаста эълон намудаанд;
-муҳаққиқони дигаре сатҳи нисбатан пасти фавти кувид- беморонро байни нафароне мушоҳида кардаанд, ки дар тифли воксини алайҳи сил (БЦЖ) гирифтаанд;
Ду навиди охирӣ зоҳиран ба нафъи сокинони кишвари офтобии мост, ки бо сабаби зиёд зери нурҳои офтоб қарор доштанашон аз витамини Д норасогии ҷиддие надоранд ва аксарият воксини БЦЖ-ро гирифтаанд…Вале омилҳои дигари норасогии иммунитет дар кишвари мо кам нестанд, аз ҷумла: камхунии аксари модарону тифлон; вуҷуди фисади зиёди бемориҳои паразитӣ,гелминтӣ; сатҳи нисбатан поёни зисти аксари сокинон, ғизои сифатан нокифояи аксари оилаҳо; имкониятҳои нисбатан маҳдуди пизишкон, таъмини нокифояи бемористонҳо бо маводи зарурии ташхису табобат.
Дар чунин ҳолат зарурати дучанди давомноктар ва қотеонатар роҳандозӣ намудани чораҳои пешгирии сирояти шаҳрвандон барои касе пушида нест.
Мирзои Ҳоҷимуҳаммад
Аз саҳифаи фейсбукии муаллиф