Рубрики Хабарҳо

Имкони анҷоми рӯзона 400 ҳазор озмоиши коруно ба вуҷуд омад

Чӣ гуна метавон иддаи бештаре аз инсонҳоро ба шакли муассиртаре барои ташхиси бемории коруно озмоиш кард? Ду гурӯҳи пажӯҳишӣ дар шаҳри Франктфурти Олмон ба равише даст ёфтаанд, ки бо он метавон ин озмоишро рӯй 400 ҳазор нафар дар рӯз анҷом дод. 

Як тим аз бахши эҳдои хунии Салиби сурх дар Франктфурти Олмон бо ҳамкории гурӯҳе аз мутахассисон институти вирусшиносии клиникии донишгоҳи Франктфурт равишеро ёфтаанд, ки бо истифода аз он метавон рӯзона озмоиши коруноро дар мавриди 200 то 400 ҳазор нафар анҷом дод. 

Ангело Дёрн, вазири улуми иёлати Ҳессен зимни эъломи ин хабар гуфтааст, ки бо ин равиш метавон чандин намунаро ҳамзамон озмоиш кард ва кайфияти натоиҷи озмоиш ба ҳеҷ унвон таҳти таъсир қарор намегирд. Дар ҳоли ҳозир рӯзона танҳо имкони 40 ҳазор озмоиши коруно дар Олмон вуҷуд дорад. 

Мудирияти гурӯҳи пажӯҳишии Салиби сурх бо профессор Арҳорт Зойфред ва мудирияти гурӯҳи пажӯҳишӣ клиникии донишгоҳи Франктфурт бо Сондро Гизк аст. Вазири улуми иёлат Ҳессен гуфтааст яке аз муҳиммтарин аҳдоф дар муқобила бо пондемияи коруно ин аст, ки ин беморӣ сареъ ташхис дода шавад ва битавон зарфияти анҷоми озмоиши ин вирусро афзоиш дод. Ў дастёбӣ ба ин равишро як кашфи фавқулъода донист. 

То кунун равиши озмоиши вируси коруно ин буда, ки намунабардорӣ аз мухоти бинӣ ё ҳалқи ҳар фард ҷудогона мавриди озмоиш қарор мегирифтааст. Бо равиши ҷадиде, ки ин пажӯҳишгарон кашф кардаанд метавон намунаҳои мутааддидеро дар як моеъи махсус ва бо истифода аз равиши занҷираи пулмири PCR Method қарор дод, ки қодир аст генуми вируси SARA-COV-2-ро мустақим ташхис диҳад. 

Агар ҳосили озмоиши ҷамъӣ манфӣ бошад метавон итминон ҳосил кард, ки ҳеҷ як аз афроде, ки мавриди озмоиш қарор гирифтаанд олуда ба вирус нестанд. Аммо агар ин вирус дар озмоиши ҷамъӣ ёфт шавад бояд аз так-таки афрод намунабардорӣ ва намунаҳоро муҷаддадан озмоиш кард. 

Вазорати улуми Ҳессен эълом кардааст, ки ҳуқуқи ин ихтироъ , ки барои сабт дар Иёлоти муттаҳида ва Аврупо муаррифӣ шудааст муштаракан ба донишгоҳи Гёте ва бахши эҳдои хуни Салиби сурх Олмон тааллуқ дорад. Ин фанноварӣ метавонад аз тариқи анҷуман интиқоли дониши донишгоҳи Гёте , Innovectis билофосила дар дастраси соир муассисоти зинафъ қарор гирад

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *