Рубрики Хабарҳо

Гурез, ки «облава»омад

Аз имрӯз 1 апрел дар Тоҷикистон барномаи даъвати баҳорӣ ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар оғоз гардид ва он то 31 май идома хоҳад ёфт.

Ширин Исматуллозода, муъовини нахуствазири Тоҷикистон раиси комиссиюни даъвати ҷумҳурӣ интихоб шуд.

Дар моҳҳои апрел ва май сарбозоне, ки муҳлати хидматашон поён ёфт, ба захира фиристода мешаванд. Ҷавононе, ки ба синни 18 расиданд ва нафароне, ки ҳуқуқи ба таъхирандозӣ ё озодшавӣ аз хидмати сарбозиро надоранд, ба хидмат даъват мегарданд.

Ҳамасола 15-16 ҳазор нафар ҷавон дар Тоҷикистон, ки синнашон аз 18 то 27 аст, ба хидмати сарбозӣ мераванд.

Бар асоси додаҳои расмӣ, шумори ҷавонони синни даъват дар кишвар 600 ҳазор нафар аст. 150 ҳазор нафари онҳо аз хидмати сарбозӣ озод шудаанд, ё лоиқи хидмат нестанд.

Аз миёни 600 ҳазор нафар ҷалби 16 ҳазор нафар сарбоз ҳамасола дар мавсими даъват ба хидмати ҳарбӣ ба як бозори хариду фурӯши одам табдил меёбад.

Бино ба ҳисоби коршинисон тақрибаан 50 дар сади сафи қувваҳои мусаллаҳ бо роҳи иҷборӣ ва облава пур карда мешавад.

Ба хотири раҳоӣ аз облава ҳамасола тақрибан 400 ҳазор нафар ҷавонони синашон лоиқ ба хидмати ҳарбӣ ба коркунони мақомот ва комиссариати ҳарбӣ ришва пардохт мекунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *