Исмоил Ҳания раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимоти исломии Фаластин “Ҳамос” дар гуфтугӯ бо шабакаи Алҷазираи мустақар дар Қатар нисбат ба ҳузури сафирони бархе аз кишварҳои арабӣ (Амороти муттаҳидаи арабӣ, Баҳрайн ва Уммон) дар маросими рӯнамоӣ аз тарҳи ба истилоҳи “сулҳи Ховари Миёна” Амрико дар Вашингтон٬ вокуниш нишон дод.
Ҳания дар ин бора гуфт: Мо ибрози таъассуф мекунем, ки бархе аз кишварҳои арабӣ дар ин маросим ширкат карданд. Кишварҳои арабӣ бояд аз мавозеъи Фаластин ҳимоят карда ва набояд нигаришеро, ки дар тӯли таърих доштаанд ба як бора аз байн бубаранд. Ҳамос ҳеҷ пружа ё тавофуқеро, ки боиси нақзи ҳуқуқи мусаллами мардуми Фаластин мешавад٬ нахоҳад пазируфт.
Аҳзоби сиёсии парлумони Туркия, тайи баёнияе муштарак, ин тарҳро маҳкум карданд.
Баёнияи муштараке, ки тавассути намояндагони аҳзоби сиёсии парлумони кишвар шомили Ҳизби адолат ва тавсеа, Ҳизби ҳаракати милли, Ҳизби демократии халқҳо, Ҳизби ҷамурии халқ ва Ҳизби неки Туркия имзо шудааст ба шарҳи зер аст:
“Давлати Амрико дар пайи иҷрои сиёсатҳояш дар масоили аслӣ монанди вазъияти Қудс, ҳаққи бозгашти паноҳҷуёни фаластинӣ ва шаҳракҳои ғайриқонунии эътимоди Фаластинро аз даст додааст. Тарҳи ба истилоҳ “сулҳи Ховари Миёна”-и ин кишвар низ мурда мутаваллид шудааст. Ин тарҳ, ки чашмандози роҳи ҳали ду кишварро нодида мегирад ва ҳовии пешниҳодҳое аст, ки қавонини асосии ҳуқуқи байналмилал ба вижа қатъномаҳои марбут ба Созмони милали муттаҳидро нақз мекунад, мавриди қабул ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор нахоҳад гирифт.
Дар ҳамин росто бори дигар таъкид мекунем, ки роҳи ҳали масъалаи Исроил ва Фаластин бозгашт ба марзҳои 1967 ва ташкили кишвари мустақили Фаластин ба марказияти Қудси шарқӣ аст. Туркия аз ҳеҷ тарҳе, ки ҳуқуқ ва озодиҳои асосии мардум ва давлат Фаластинро ба расмият намешиносад, пуштибонӣ нахоҳад кард. Туркия ҳам росто бо аъзои бовиҷдон ва масъули ҷомеаи байналмилалӣ аз ҳуқуқи Фаластин ҳимоят мекунад. Ҳама аҳзоби парлумон тарҳи фавқро маҳкум карда ва ба расмият намешиносад”.
Мавлуд Ҷовушоғлу, вазири умури хориҷаи Туркия дар дидор бо ҳайъати мудираи шӯрои ҷаҳонии рӯзноманигорон дар Анқара перомуни ин тарҳ изҳор дошт: Комилан ошкор аст, ки ин тарҳ ба сурати яктарафа таҳия шуда ва мурда ба дунё омадааст. Амрико қаблан ҳам бо интиқоли сафорати худ дар Телавив ба Қудс нишон дод, ки бетарафии худро аз даст додааст.
Вай гуфт: Ин тарҳ ба манзилаи ҳимоят аз кампини интихоботии Нитонёҳу буда ва ҳадаф аз он барқарории сулҳ нест. Ҳанӯз шоҳиди вокуниши ҷаҳони ислом ба ин тарҳ нашудаем. Вокуниши воқеии ҷаҳони исломро дар Ҷидда хоҳем дид.
Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон бо интишори матлабе дар сафҳаи твиттери худ ба тарҳ ба истилоҳи “сулҳи Ховари Миёна” Амрико вокуниш нишон дода ва онро ба “шоҳроҳе ба сӯи ҷаҳаннам” ташбеҳ кард.
Вай дар ин паёми твиттерӣ ҳамчунин навишт: Оё Манделло ҳаргиз метавонист зуҳури дубораи бонтустонҳо (дар даврони опортоед)-ро даҳаҳо баъд аз озодии Африқои Ҷанубӣ тасаввур кунад? “Муомилаи қарн” бештар шабеҳи “шоҳроҳе ба сӯи ҷаҳаннам” аст. Вақт он расидааст, ки мо мусулмонон ба ин огоҳӣ бирасем, ки Иёлоти муттаҳида ҳаргиз натавониста ва наметавонд ҳатто адои як воситаи бетарафро дар биоварад.
Фаластин эълом кард аз Амрико дар шӯрои амнияти Созмони милал шикоят хоҳад кард. Раиси давлати Фаластин Маҳмуд аббос зарфи ду ҳафтаи оянда аз тарҳи ба истилоҳ “сулҳи Ховари Миёна”-и Амрико ба шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид шикоят хоҳад кард.
Гуфтанист Доналд Трамп рӯзи гузашта тайи дидори Бинёмин Нитонёҳу, нахуствазири Исроил дар Кохи Сафед аз тарҳ ба истилоҳи “сулҳи Ховари Миёна” рӯнамоӣ кард ва Қудсро пойтахти тақсимнопазири ин кишвар донист. Нитонёҳу низ ин тарҳро дастоварди бузург ва таърихӣ барои Исроил унвон кард.
Созмони милал, Олмон, иттиҳодияи Аврупо ва Урдун низ аз тарҳи сулҳ Трамп барои Ховари Миёна интиқод карданд. Аморот аз ин тарҳ истиқбол карда ва Миср ва Русия хештандорона вокуниш нишон додаанд.
Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони милали муттаҳид дар вокуниш ба тарҳи сулҳ Трамп барои Ховари Миёна ба қатъномаҳои муртабит бо мавзӯъи фаластиниён ва Исроил, ки аз сӯи маҷмаъи умумии Созмони милал ва шӯрои амният содир шудаанд, ишора кардааст.
Сухангӯи Гутерриш таъкид карда Созмони милали худро “муваззаф” медонад, ки ҳамчунон аз фаластиниён ва Исроил ба манзури расидан ба роҳи ҳале барои ин муноқиша “бар асоси марзҳои 1967” ҳимоят кунад.
Дар ҷанги шаш рӯзаи соли 1967 миён аъроб ва Исроил, Исроил каронаи ғарбии рӯди Урдун, навори Ғазза ва низ Батйлмуқаддаси шарқиро ишғол кард.
Масъули сиёсати хориҷаи иттиҳодияи Аврупо, Ҷозеф Боррел низ тасреҳ карда, ки Брюссел тарҳи Амрикоро бо таваҷҷуҳ ба “хостаҳои ба ҳақ”-и Исроил ва фаластиниён ва низ “тамоми қатъномаҳои муртабити Созмони милал” баррасӣ хоҳад кард.
Ҳоику Мос вазири умури хориҷаи Олмон дар вокуниш ба тарҳи сулҳи Трамп барои Ховари Миёна таъкид кард, ки танҳо “роҳи ҳали ду кишвар, ки аз сӯи ҳарду тараф маврид қабул бошад, метавонад мунтаҳӣ ба сулҳи пойдор миёни Исроил ва фаластиниён шавад”.
Вазири хориҷаи Олмон гуфт тарҳи Трамп пурсишҳое аз ҷумла дар бораи “ширкат додани тарафҳои даргир дар раванди музокирот ва муносиботи онҳо бо барометрҳо ва ҳуқуқи байналмилали шинохташуда”-ро пеш мекашад.
Намояндагони ду ҳизби сотсиали масеҳӣ ва демократи масеҳии Олмон низ ибрози тардид кардаанд, ки тарҳи Трамп битавонад ба сулҳи пойдор дар минтақа бианҷомад. Ҷонишини раиси фраксюни ин ду ҳизб дар парлумони Олмон гуфтааст: “роҳи ҳал ташкил ду кишвар аз сӯи Трамп аз таъбири воқеии ташкил ду кишвар, ки мавриди таъйиди иттиҳодияи Аврупо ва низ давлати Олмон аст, мунҳариф шудааст.”
Иттиҳодияи Аврупо низ ҳамчунон бар роҳи ҳали ташкили ду кишвари мустақил ба унвони асос барои ҳар гуна музокираи сулҳ дар Ховари Миёна пофишорӣ кардааст.
Вазири умури хориҷаи Урдун ҳам таъкид карда, ки расидан ба як сулҳи пойдор дар Ховари Миёна танҳо бо ташкили як кишвари мустақили фаластинӣ бо марзҳои соли 1967 мумкин хоҳад буд.
Анқара дар як иттилоияи тарҳи Трампро “нақшаи ишғол” номида, ки ҳадафаш тахриби роҳи ҳали ташкили ду кишвар ва тасарруфи сарзаминҳои фаластинӣ аст.
Амороти муттаҳидаи арабӣ, аммо дар муқобил аз тарҳи Трамп истиқбол кардааст. Сафири ин кишвар дар Амрико шаби гузашта гуфт: “Нақшае, ки имрӯз эълом шуд як нуқтаи хурӯҷи муҳим барои бозгашт ба музокирот дар чорчуби байналмилалӣ бо раҳбарии Иёлот муттаҳида аст.”
Миср мӯҳтотона нисбат ба ин тарҳи вокуниш нишон додааст аммо музокираро рад накардааст. Вазорати хориҷаи ин кишвар дар як иттилоия аз Исроил ва фаластиниён хоста то тамоми ҷавонибро ба диққат бисанҷанд ва музокиротро аз сар бигиранд.
Давлати Русия низ мӯҳтотона вокуниш нишон додааст. Сергей Лавров, вазири хориҷаи ин кишвар пешниҳод дода, ки ҳайати байналмилалӣ бо намояндагӣ Русия, Созмони милал, иттиҳодияи Аврупо ва низ Иёлоти муттаҳидаи Амрико ба манзур баррасии тарҳи Трамп ташкил шавад.