Танҳо дар соли 2018 ширкати монополии “Барқи тоҷик” 2 миллиарду 402 миллион сомонӣ зарар дидааст. Тафтиши Палатаи ҳисоби Тоҷикистон нишон додааст, ки ширкати монополист анъанаи зарарҳои миллиардиро идома медиҳад.
Дар ин бора Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоб 30 январ зимни нишасти хабариаш иттилоъ дод. Ӯ гуфт аудиторони Палатаи ҳисоб соли гузашта ширкати “Барқи тоҷик”-ро тафтиш карда, муайян сохтаанд, ки ин ширкат дар якуним сол 3 миллиарду 214 миллион сомонӣ зарар дидааст.
Зарари “Барқи тоҷик” дар соли 2018 баробар ба 2 миллиарду 402 миллион сомонӣ (ҳудуди 280 миллион доллар бо қурби миёнаи соли 2018) буда, дар нимсолаи аввали соли 2019 ин ширкат 812 миллион сомонӣ камомад доштааст.
Ҳамчунин тафтиши Палатаи ҳисоб нишон додааст соли гузашта “Барқи тоҷик” аз ҳисоби хароҷотҳои ғайриқонунӣ, изофанависӣ дар корҳои сохтмонӣ ва таъмири хатҳои интиқол қариб 11 миллион сомонӣ зарари молиявӣ дидааст.
Раиси Палатаи ҳисоб гуфт, аз ҳисоби зарарҳои ошкоршуда дар “Барқи тоҷик” чанд мавод тартиб дода, ба мақомотҳои интизомӣ ирсол кардаанд. Чандин тан аз кормандони “Барқи тоҷик” низ ба гуфтаи роҳбари Палатаи ҳисоб, аз мақомҳояшон барканор шудаанд.
Масъулини “Барқи тоҷик” ҳамеша даъво доранд, ки сабаби асосии бо зарар ҷамъбаст шудани кори ширкат ин аст, ки онҳо аз нерӯгоҳҳои “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2” барқро бо қимати баландтар харида, бо нархи арзонтар ба аҳолӣ мефурӯшанд. Аммо таҳқиқоти Паём нишон медиҳад, ки ин даъво комилан беасос аст. Таҳқиқот ба зудӣ нашр мешавад.