Рубрики Хабарҳо

“Байкор”-и Туркия аз ҳамбастагии укроиниҳо мутаассир шуда, се “Байрактор” тӯҳфа кард

Ширкати тавлид фанновариҳои низомии “Байкор”-и Туркия, тай баёнияе дар твиттер эълом кард, кампине, ки бо номи “Байрактори мардум” тавассути шаҳрвандони укроинӣ ва бо ҳадафи хариди паҳподи “Байрактор” TB2 ба хотири дифоъ аз ватанашон оғоз шуда буд, дар муддатзамони бисёр кӯтоҳе бо муваффақият ба поён расид. 

Дар идомаи ин баёния омадааст: чеҳраҳои мардумӣ, рӯзноманигорон, ҳунармандон, футболистҳо, тоҷиррн, мардуми одӣ ва ҳатто кӯдакон бо эҳдои кумакҳои бузург ва кӯчак барои муваффақияти ин кампин дар ҳимоят аз кишварашон мушорикат карданд. Иродаи мардуми ватанпарасти Укроин барои расидан ба ҳадафе, ки таъйин карда буданд ва рӯҳияи ҳамбстагии онҳо, моро низ мутаассир кард. Дар ин росто ширкати “Байкор”-и Туркия, се фарванд паҳподи  “Байрактор” TB2-ро, ки қарор аст бо кумакҳои ҷамъоваришуда харидорӣ шавад, бидуни ҳеҷ маблағе ба Украина эҳдо мекунад. 

Дар ин баёния таъкид шудааст: тамом кумакҳои молии ҷамъоваришуда барои ин ҳадаф низ дар ростои манофеъи мардуми шарифи Украина истифода мешавад. Ба унвони ширкати “Байкор” хоҳони як роҳҳали одилона ҳастем ва барои сулҳи пойдор дуо мекунем.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *