Рубрики Хабарҳо

Вокуниши шадиди Ғарб ба баҳси муноқишаангези Русия дар Шӯрои амният

Нишасти “чандҷонибагароии муассир бо дифоъ аз усули маншури милали муттаҳид” ба раёсати Лавров дар Шӯрои амният бо интиқоди шадиди Иттиҳодияи Аврупо ва дабири кулли Созмони милал рӯ ба рӯ шуд. Гутерриш ба ҷанги “вайронгар”-и Русия алайҳи Укроин ишора кард. 

Нишасти қудратмандтарин ниҳоди Созмони милал бо раёсати Русия бо унвони “чандҷонибагароии муассир бо дифоъ аз усули маншури милали муттаҳид” бо таваҷҷуҳ ба ҷанги таҷовузкоронаи Русия дар Укроин аз сӯи бисёре аз кишварҳо ба унвони як иқдоми таҳрикомез талаққӣ шуд. Маскав низ ба навбаи худ шикоят кард, ки Иёлоти муттаҳида барои хабарнигорони русӣ, ки мехостанд Лавровро ҳамроҳӣ кунанд, виза содир накардааст. 

Қабл аз нишасти баҳсбарангези Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид ба раёсати Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ба сароҳат ба ин нишаст интиқод карданд. Олоф Скуг, сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Созмони милал дар Ню-Йорк гуфт: “Русия бо барномарезии ин нишаст саъй дорад худро мудофеъи маншури Созмони милал ва чандҷонибагароӣ муаррифӣ кунад. Ҳама медонанд, ки Русия бо ворид шудан ба ҷанг дар Укроин қонунҳои аввалияи Созмон милалро зери по гузоштааст.” 

Интиқоди Гутерриш аз нишаст 

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони милали муттаҳид, дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони милал ба раёсати Русия ба “вайронӣ”-и ношӣ аз ҳамлаи Русия ба Укроин ишора ва онро маҳкум кард. Ў рӯзи душанбе 24 апрел дар Ню-Йорк дар ҳузури Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия гуфт: “таҳоҷуми ғайриқонунии Русия ба Укроин боиси ранҷу вайронии азим барои ин кишвар шуд”. 

Гутерриш ҳамчунин шикоят кард, ки “низоми чандҷониба” дар ҳоли ҳозир беш аз ҳар замони дигаре аз замони таъсиси Созмони милал дар соли 1945 таҳти фишор аст ва “таниш байни қудратҳои бузург” ба “болотарин нуқта” расидааст. 

Дар моҳи апрел, Русия ба муддати як моҳ раёсати давраии Шӯрои амнияти Созмони милал яъне қудратмандтарин ниҳоди ин Созмонро бар ӯҳда дорад. Лавров барои нишасти рӯзи душанбе ба Ню-Йорк сафар кард. Ин нишаст ба мавзӯъи “дифоъ аз усул”-и Созмони милал ихтисос дошт. 

Русия: умед ба чандҷонибагароӣ нақш бар об шудааст 

Лавров низ дар ин ҷаласа бо ишора ба Амрико, аз “назми ҷаҳонии якқутбӣ”, ки пас аз поёни ҷанги сард падид омад ва “асарбахшӣ ва суботи системаи Созмони милали муттаҳид”-ро таҳдид мекунад, интиқод кард. Ў гуфт, ки тағйире дар ҳоли вуқӯъ аст, ки дар он “назми якқутбӣ ба марзҳои худ мерасад ва бо зуҳури як системи чандқутбии ҷадид, ба суръат қудрати худро аз даст медиҳад.” 

Ӯ гуфт, ки умедҳое, ки ба чандҷонибагароии воқеӣ дар ду сӯи Уқёнуси Атлантик пас аз азҳампошии паймони Варшава ва фурӯпошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ ба вуҷуд омад аз байн рафт, зеро кишварҳои ғарбӣ ба ҷойи баррасӣ ба коргирии зарфияти воқеии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба ҳифзу густариши НАТО даст заданд. 

Пешопеши баргузории ҷаласа муноқишаи дипломатик миёни Русия ва Амрико бар сари судури виза барои хабарнигорони русӣ, ки битавонанд Лавровро дар сафар ба Ню-Йорк ҳамроҳӣ кунанд, даргирифт. 

Амрико аз додани виза ба хабарнигорони русӣ худдорӣ кард. Ба гуфтаи Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷаи Русия, алорағми тамосҳои зиёд дар чанд рӯзи гузашта, Амрико барои хабарнигороне, ки мехостанд Лавровро дар сафари вай ба Амрико ҳамроҳӣ кунанд, раводид содир накардааст. Рябков ин иқдомро “шармовар ва комилан ғайри қобили қабул” хонд. 

Ӯ гуфт: “Русия роҳҳое барои посух пайдо хоҳад кард то амрикоиҳо барои муддати тӯлонӣ ба ёд дошта бошанд, ки чунин иқдоме имконпазир нест.” Як манбаъи дипломатик ба нақл аз хабаргузории РИА Новости эълом кард, ки рӯзноманигорони амрикоӣ дар Русия эҳтимолан бо “мушкилот ва дардисарҳое” мувоҷеҳ хоҳанд шуд. 

Маскав аз тасмими Амрико барои адами судури виза барои хабарнигорони русӣ барои сафари барномарезишудаи онҳо ба нишасти Шӯрои амнияти Созмони милал ба шиддат интиқод кард. Сергей Лавров вазири хориҷаи Русия рӯзи якшанбе ва қабл аз сафар ба Ню-Йорк аз тасмими «буздилона”-и Вашингтон сӯҳбат кард. 

Ин муноқиша се ҳафта пас аз дастгирии Ивоа Гершкевич, рӯзноманигори амрикоӣ дар Русия даргирифтааст. Вашингтон ва Маскав бар сари дастгирии хабарнигори “Вол стрит журнал”, ки Русия ӯро ба ҷосусӣ муттаҳам кардааст ба шиддат баҳс доранд. Ин хабарнигори 31 соларо 20 соли зиндон таҳдид мекунад. 

Русия дар ҳоли ҳозир аз рӯзноманигорони хориҷӣ мехоҳад то ҳар се моҳ як бор виза ва эътиборномаи худро тамдид кунанд. То қабл аз шурӯъи ҳамла ба Укроин, ин кор танҳо як бор дар сол зарурӣ буд. 

Русия дар замони ҷангаш дар Укроин раёсати давраи Шӯрои амнияти Созмони милалро бар ӯҳда гирифтааст. Пазириши раёсати Русия бо интиқоди шадиди Киев рӯ ба рӯ шудааст. Лавров раёсати чандин ҷаласаи болотарин ниҳоди Созмони милал дар штаби ин Созмон дар Ню-Йоркро бар ӯҳда хоҳад дошт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *