Додгоҳи олии Тоҷикистон дар як мурофиаи махфии пушти дарҳои баста ҳукми омилони ҳамлаи шаби 6 ноябр ба посгоҳи сарҳаддии «Ишқобод” дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистонро содир кардааст, вале тафсилоташро эълон намекунад. Тибқи маълумоти додаи Маркази матбуоти Суди Олии Тоҷикистон ба хабаргузории Спутник, парванда мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳукми Судӣ Олӣ қабул шудааст ва эътибори қонунӣ пайдо кардааст. Нисбати маҳкумшудаҳо муҳлатҳои гуногун ҷазои ҷиноятӣ татбиқ шудааст.
Қаблан Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон гуфта буд, ки парвандаи 22 нафари муттаҳам ба даст доштан дар ҳамлаи «Ишқобод” ба додгоҳ ирсол шудааст. Юсуф Раҳмон моҳи март дар ҳисоботи солонааш ба Маҷлиси миллӣ гуфта буд, дар ҳамлаи мусаллаҳона ба дидбонгоҳи сарҳадии рақами 4 – и «Ишқобод” 26 нафар, аз ҷумла аз ҷониби ҳамлагарон — 9 мард, 8 зан ва 4 ноболиғ ва аз тарафи нирӯҳои давлатӣ 5 нафар, бо шумули як корманди милиса ва 4 марзбон кушта шуда, 2 нафар захмӣ ва 22 нафар дастгир шуданд.
Суди Олии Тоҷикистон парвандаи «ҳамлаи Ишқобод” – ро ниҳоӣ карда, ҳукми муҷримонро содир кардааст. Тафсилот эълон намешавад
Яке аз вакилони дифоъи ин парванда ба манбаи хабар гуфтааст, ки парванда ниҳоӣ шудааст ва азбаски махфист, тафсилоти он ироа нахоҳад шуд.
Парвандаи муттаҳамони ҳамла ба дидбонгоҳи «Ишқобод” ҳанӯз дар оғози соли равон вориди Суди Олӣ шуда буд.
3 феврали соли равон Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди олии Тоҷикистон зимни нишасти солонаи хабарии ин ниҳод гуфт, ки санҷишу тафтиши парвандаро Прокуратураи генералӣ ба анҷом расонда, дар ихтиёри Суди олӣ қарор додааст ва парванда 9 муттаҳамро дарбар мегирад.
Тибқи иттилои расмӣ, ки дар рӯзи ҳодиса расонаӣ шуд, шаби 6 ноябри соли гузашта як гурӯҳи ниқобпӯши 20 — нафара ба дидбонгоҳи «Ишқобод», мустақар дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамла карда, бо нерӯҳои марзбонии тоҷик даргир шуданд.
Он замон расман эълон шуд, ки дар ин даргирӣ ду тан аз нерӯҳои марзбонӣ ва 15 муҳоҷим кушта шудаанд. Манобеъи ғайрирасмӣ шумораи талафоти нерӯҳои ҳукуматиро 6 нафар ҳисоб карданд. Баъдтар мақомот аз боздошти 5 муҳоҷим хабар доданд, ки мустақим дар ҳамлаи террористӣ ширкат доштанд.
Охирин тафсилоти расмии ин ҳамларо Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси миллии кишвар ба миён гузошт. 29 март нашрияи расмии «Садои мардум” гузориши Прокурори генералии Тоҷикистонро ба нашр расонд, ки бино ба он, дар ҳамлаи мусаллаҳона ба дидбонгоҳи сарҳадии рақами 4 – и «Ишқобод” 26 нафар кушта ва 22 нафар ҳам бо иттиҳоми даст доштан дар он ҳабс шудаанд.
«Дар натиҷаи он 26 нафар, аз ҷумла мардон — 9, занон — 8 нафар, ноболиғон — 4 нафар, хизматчиёни ҳарбӣ — 5 нафар ва 1 корманди милиса куштаву 2 нафари дигар захмӣ гардиданд», — навишт нашрияи «Садои мардум».
Бино ба ин гузориш, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ алайҳи 22 нафар такмил ва ба суд ирсол шудааст.
Масъулияти ҳамлаи террористӣ ба дидбонгоҳи «Ишқобод» – ро гуруҳи террористии «ДОИШ» бо интишори баёнияе дар сомонаи «Аъмоқ», ки гуфта мешавад, марбути ин гуруҳ аст, пас аз се рӯзи ҳодиса ба дӯш гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон низ 26 декабр зимни паёмаш ба Маҷлиси Олӣ ҳамла ба дидбонгоҳи марзии «Ишқобод”-ро кори дасти аъзои созмони террористии ба ном «ДОИШ” хонда, онро талоши барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар кишвар арзёбӣ кард.