Рубрики Хабарҳо

Оила тасмим гирифт довталабони макотиби олиро бештар ғорат кунад

Маркази миллии тестӣ, ки ба хонаводаи раисҷумҳур Эмомалӣ раҳмон тааллуқ дорад ва яке аз садҳо бизнеси кӯчаки “оилаи ба ҳама маълум” аст, тасими гирифтааст аз довталабони макотиби олӣ маблағи бештар ситонад. Бо фарқ аз мақомоти давлатӣ, ки ба поинравии қурби пули миллӣ дертар вокуниш мекунанд, (бахусус дар боло бурдани моҳонаву нафақа) аъзои Оила ҳамеша аз таваррум пештар ҳаракат менамоянд. 

Молики Маркази миллии тестӣ, ки гуфта мешавад яке аз духтарони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мебошад, тасмим гирифтааст қимати супоридани имтиҳонот барои дохилшавӣ ба макотиби олиро 25 дарсад боло барад. Ва ин марказ эълон карда, ки ин Ҳамин тавр қимати “хидматрасонии” Маркази миллии тестӣ нисбати соли гузашта барои хатмкунандагони синфи 11 қимат 60 сомонӣ боло рафтааст. Қаблан онҳо 240 сомонӣ месупориданд, ҳоло маҷбуранд 300 сомонӣ бисупоранд.

Барои хатмкунандагони синфи 9 бошад қимати “хидматрасонӣ” 30 сомонӣ боло рафта, аз 180 сомонии қаблӣ ба 210 сомонӣ расидааст.

Арзиш азнавбақайдгирӣ барои иваз кардани интихобҳои аввал, ки 25 сомонӣ нарх дошт, тағйир наёфта ва мисли солҳои 2021-22 25 сомонӣ боқӣ мондааст.

Хонаводаи бузурги раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки аз 7 духтар 2 писар ва даҳҳо набераи инак ба “соҳибкори муваффақ” табдилшуда ҳар соҳаеро, ки аз он пули бедардимиён ба даст овардан мумкин аст — аз маълумотномаи тиббӣ барои хонадагони синфи як то пулакӣ кардани роҳҳо ба даст гирифта ва ҳар бизнеси сердаромади кишварро монополия кардааст. Маркази миллии тестӣ низ яке аз бизнесҳои кӯчаки ин хонавода аст, ки аз ҳар довталаб барои имтиҳони дохилшавӣ пул меситонад ва бинобар шумори зиёди онҳо ҳар мавсими имтиҳонот миллионҳо доллар даромад мегирад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *