Муайян шудаи ҷарима барои гаштугузор бидани ниқоб ва зиндон барои сироят намудани нафари дигар зоҳиран мардумро натарсонд. Баъди тағйирот ба қонун шумори ниқобпӯшҳо дар кишвар бештар нашуд.
Хонандагони Паём бо ирсоли аксу навор мегӯянд, ки камтар касе дар кӯчаҳо ниқоб мебандад. Дар як наворе, ки корбари Паём аз бозори шаҳри Бохтар равон кардааст, дида мешавад, ки ҳади ақал 50 дарсади харидорон ва ҳатто фурӯшандагон дар ин бозор ниқоб надоранд.
Як табиб аз шаҳри Хуҷанд ҳам навиштааст бо вуҷуди таъкиди зиёди табибон юа бастани ниқоб ва тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ, мардум дар бастани ниқоб шитоб намекунад. “Бештари онҳое ҳам, ки ниқоб доранд онро ё зери манаҳашон бастаанд ё танҳо ба даҳонашон, ки тақрибан ҳеҷ таъсире надорад”.
Гуфтанист парлумони Тоҷикистон рӯзи 10 июн бастаи тағйирот ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро қабул кард.
Бар асоси тағйирот ба Кодекси ҷиноятӣ, онҳое, ки дидаю дониста бемориҳои сироятиро паҳн мекунанд, ба муҳлати аз 2 то 5 сол маҳкум ба зиндон шуда, дар сурати такрори чунин амал метавонанд аз 5 то 10 сол зиндонӣ шаванд.
Бар асоси тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, аз ин ба баъд дар Тоҷикистон барои гаштугузор бе ниқоби тиббӣ ҷарима ба андозаи аз 2 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 116 то 290 сомонӣ) муқаррар карда мешавад.
Ҳамчунин барои нашри ахбори бардурӯғ дар матбуот ва Интернет дар бораи пандемия низ акнун дар қонунгузорӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст. Барои чунин амал шахсони алоҳидаро метавонанд ба андозаи аз 10 то 20 нишондиҳанда (аз 580 то 1160 сомонӣ) ва шахсони ҳуқуқиро ба маблағи аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 8700 то 11 600 сомонӣ) ҷарима бубанданд.
Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз коронавирус пӯшидани ниқоби тиббиро ҳатмӣ гардонда буд, вале то кунун барои напӯшидани ниқоб муҷозот пешбинӣ нашуда буд.
Шаҳрдории Душанбе ахиран тасмим гирифт, ки сокинони навоҳии атроф фақат бо ниқоб метавонанд вориди пойтахти Тоҷикистон шаванд.