Рубрики Хабарҳо

Музокираи Русия бо Амрико бар сар паймони “Старти нав” аз тариқ каналҳои баста

Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷаи Русия дар ҷамъи хабарнигорон эълом кард, ки Масакв ва Вашингтон аз тариқи каналҳои баста дар бораи иҷрои Паймони коҳиши таслиҳоти стратегӣ (Старти нав) гуфтугӯ карданд. 

Рябков бо баёни ин ки Русия омодаи ройзанӣ дар мавриди мавзӯъоти мухталиф бо Амрикост, гуфт: “имкон дорад бо намояндагони Амрико дар чорчӯби конфронси халъи силоҳ дар Женева дидор кунем. Мо дар рӯзҳои гузашта дар мавриди паймони “Старти нав” аз тариқи каналҳои баста ройзанӣ кардем ва ман метавонам инро таъйид кунам. Ин як воқеияти ғайри қобили инкор аст. Мумкин аст ин гуфтугӯҳо идома ёбанд”. 

Вай хотирнишон кард: «Русия мушорикати худ дар паймони “Стартм нав” бо Амрикоро ба ҳолати таълиқ даровардааст ва имкони бознигарӣ дар хусуси ин тасмим вуҷуд надорад”. 

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, дирӯз фармон таълиқи (боздоштани) мушорикати Русия дар паймони “Старти нав» , ки ҳадафи он маҳдуд кардани қобилиятҳои мушакҳои баллистики ҳастаии қорапаймо аст, имзо кард. 

Бар асоси қонуни имзошуда тавассути Путин, ки дар системи иттилооти ҳуқуқии давлатии Русия мунташир шудааст, тавофуқномаи “Старти нав” байни Русия ва Иёлоти муттаҳидаи Амрико ба ҳолати таълиқ даромад. 

Тибқи қонун, тасмим дар мавриди пайвастани дубораи кишвар ба ин паймон метавонад тавассути раисҷумҳур Русия гирифта шавад. Путин пештар дар 21 феврал эълом карда буд, ки мушорикати Русия дар паймони “Старти нав” бо Амрикоро ба ҳолат таълиқ даровардаанд. 

Паймони “Старти нав” , ки идомаи созишномаи коҳиши таслиҳот стратегӣ (Старт 1 ва Старт 2) аст, ки тавассути Иёлоти муттаҳидаи Амрико бо Иттиҳод ҷамоҳири Шӯравӣ дар соли 1991 ва бо Федератсияи Русия дар соли 1993 имзо шуд. Охирин созишномаи ҳастаӣ аст, ки байн Вашингтон ва Москва дар ҳол иҷрост. 

Ин паймон маҳдудиятҳоеро барои тавлиди кулоҳакҳои ҳастаӣ ва мушакҳои дурбурд ҷорӣ мекунад. Ин қарордод 10 сола, ки дар 5 феврал 2011 ба иҷро даромад, дар 5 февралм 2021 поён ёфт. Путин тасмими тамдиди ин паймонро ба муддати 5 сол дар 29 январи 2021 имзо карда буд. Давлати Амрико низ тасмими худро барои тамдиди ин паймон дар 5 феврали 2021 эълом карда буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *