Рубрики Хабарҳо

Содироти наздик ба 70 ҳ. тон меваву сабзавот

То 8 июни соли ҷорӣ Тоҷикистон ба хориҷ наздик ба 70 ҳазор тон маҳсулоти кишоварзӣ содир кардааст.

Дар ин бора дар нишасти дуввуми Ситоди ташкили содироти мева ва сабзавот, ки чанд рӯз қабл дар Душанбе баргузор шуд, зикр гардидааст. 

Тиқи иттилоъи давтари матбуотии Вазорати кишоварзӣ, нишаст таҳти раҳбарии ноибасарвазири Тоҷикистон Давлатшо Гулмаҳмадзода баргузор шудааст.

Тибқи одаҳои аввалияи Хадамоти гумрук, то 8 июни соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷ 69 ҳазору 612 тон маҳсулоти кишоварзӣ бо қимати гумрукии беш аз $10,2 млн содирот шудааст. 

Ин нишондиҳанда, тибқи иттилоъи манбаъ, аз нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 7 ҳазору 619 тонн ё $2,4 млн бештар будааст. 

Дар ин давра 53 ҳазору 888 тон пиёз 6 ҳазору 6 тон меваи тару тоза, ва 8 ҳазору 714 тон хушкмева содирот гардидааст. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *