Рубрики Хабарҳо

Ҳук: Амрико моил аст рӯбарӯ бо Эрон музокира кунад

Браён Ҳук, намояндаи вижаи Амрико дар умури Эрон гуфт кишвараш майл дорад барои мубодилаи зиндониён рӯбарӯ бо Эрон гуфтугӯ кунад. Ба гуфтаи ӯ Амрико мехоҳад дар бораи ҳама масоиле, ки дар 41 соли гузашта таъсири манфӣ бар равобити ду кишвар гузошта, музокира кунад. 

Хабаргузории Рейтерз рӯзи чаҳоршанбе, 17 июн ба нақл аз Ҳук гузориш дод, ки Эрон ва Амрико илова бар табодули зиндониён бештар бояд бар сари масоили густурдатаре гуфтугӯҳоро оғоз кунанд. 

Ба гуфтаи Ҳук, Амрико моил аст ҷаласае рӯбарӯ барои гуфтугуҳои консулӣ дошта бошад, то битавон сареътар аз ончи пешорӯ аст, ҳаракат кард. 

Ӯ зимни ишора ба боз будани дари дипломосӣ аз сӯи Амрико тасреҳ кард, «музокироти дуҷонибаи Эрон ва Амрико метавонад бар сари тамоми мавзӯъоте, ки 41 соли гузашта иттифоқ афтода ва бар равобити ду кишвар таъсири манфӣ гузоштаанд, анҷом бигирад». 

Ҳук дар бахши дигаре аз сӯҳбатҳои худ ҳамчунин гуфт, Вашингтон аз Ҷумҳурии исломӣ ба далели ҳимоят аз гурӯҳҳое дар Ироқ, Лубнон ва Яман интиқод мекунад ва мӯътақид аст, ки Созмони милал бояд таҳрими таслиҳотӣ алайҳи Эронро, ки дар моҳи октябри сол ҷорӣ ӣа анҷом мерасад, ба таври номаҳдуд тамдид кунад. 

Бино бар изҳороти Ҳук, Доноалд Трамп, раисҷумҳури Амрико изҳори алоқамандӣ кардааст, ки бо Эрон музокира кунад ва дари дипломосӣ барои музокира бо Эрон аз тарафи Амрико кушодааст. 

Дар Эрон ҳанӯз теъдоде аз зиндониёни амрикоӣ ва соири кишварҳои ғарбӣ дар боздошт ба сар мебаранд. Аксари ин зиндониён тобеияти дугонаи Эрон ва Амрикоро доранд. Ҷумҳурии исломи ҳар аз гоҳе бархе аз ин зиндониёнро бо кишварҳои дигар иваз мекунад, рӯйкарде, ки дар кишварҳои ғарбӣ аз он ба унвони «гаравгонгирӣ» ёд мешавад. 

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва Мойк Помпео, вазири хориҷаи ин кишвар борҳо эълом карданд, ки омодаанд бо Эрон музокира кунанд. Аммо Эрон аз замоне, ки давлати Трамп аз БАРҶОМ хориҷ шуда, тамоюле ба музокира бо Вашингтон надошта ва хостори бозгашти Иёлоти муттаҳида ба тавофуқи ҳастаӣ аст. 

Баъд аз он ки шаҳрвандони амрикоӣ аз зиндонҳои Эрон озод шуданд, мақомот Кохи Сафед бори дигар мавзӯъи музокира бо Эронро унвон кардаанд. Дар ин иртибот Доналд Трамп рӯз ҷумъа 5 июн дар паёме, ки ба хотири озодӣ Мойкл Войт, малавони собиқи неруи дарёии Амрико, ки ду сол дар Эрон зиндонӣ буд, аз Эрон ташаккур карда буд. 

Трамп дар ин паём бо ишора ба музокироте, ки ба табодули зиндонён миёни ду кишвар анҷомид ба мақомоти Ҷумҳурии исломӣ тавсия кард, ки барои музокира бар сари як «тавофуқи бузург» мунтазири интихоботи раёсатҷумҳурии Иёлоти муттаҳида дар моҳи ноябр набошанд, зеро ӯ дар ин интихобот пирӯз хоҳад шуд. 

Пешниҳоди раисҷумҳури Амрико аммо бо вокуниши мутафовити мақомҳои эронӣ рӯбарӯ шудааст. Муҳаммадҷавод Зариф, вазири хориҷаи Эрон музокираро рад накарда, аммо Алӣ Шимхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ мухолифат худро бо ин масъала иброз дошт. Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломӣ баъд аз охирин паёми Трамп расман изҳориназаре накардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *