Соҳибкорони ҷамоъати Понғози ноҳияи Ашт тасмим гирифтаанд роҳи ин ҷамоъатро то маркази ноҳия бо тӯли 20 километр мумфарш кунанд. Ҳоло аз маблағи ҷамъоваришуда 325 тон сақич ва 100 тон мазут харидорӣ шудааст, ки қариб ними масрафи умумии таъмири роҳро дарбар мегирад.
Масрафи умумии таъмири куллии ин роҳ ҳудуди 3,7 миллион сомонӣ ҳисоб шуда, хариди сақич ва мазут қариб 1,5 миллион тамом шудааст. Тибқи иттилоъи яке аз ихтиёриёни ин тарҳ, ҳоло дар умум ҳудуди 2,5 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ шуда, ба 1,2 миллион сомонии дигар ниёз доранд, ки дар ҳоли ҷамъшавист.
Қаблан ҳам ин роҳ аз тарафи соҳибкорон ва мардум чанд бор таъмир шуда буд. Ҳамчунин бо ибтикори Домулло Абдураҳим мардуми ҷамоъати Понғоз ба маблағи беш аз 1,5 миллион доллар беморхона бунёд кардаанд, ки саҳми давлат дар бунёди он сифр аст. Баръакс бо эътироз ба тирезаҳои даврашакли он ҳукумати ноҳия мардумро маҷбур ба бозсозии тирезаҳо ва сарфи хароҷоти иловагӣ кардааст.
Тоҷирони истаравшании муқими кишвари Красноярск ва ҷумҳурии Хакасияи Русия барои хариди 11 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва дигар маводҳои тиббӣ 5 миллион рубл (735 000 сомонӣ) ҷамъоварӣ карда, дастгоҳҳоро аз Чин фармоиш ва ба Истаравшан гусел кардаанд.
Ин ду хабарро манобеъи Паём фиристоданд. Ба ин монанд хабарҳо қариб ҳар рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои кишвар, чӣ давлатӣ ва чӣ ғайридавлатӣ нашр мешаванд.
Барои мисол, дирӯз Каримҷон Ёров, фаъоли ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия хабар дод, як соҳибкори тоҷик, ки нахостааст номаш ифшо шавад, маблағи интиқоли ҷасади 50 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Русия ба ватан пардохт кардааст.
Имрӯз “Азия Плюс” иттилоъ дод, 4 соҳибкори тоҷик ба 67 оилаи зарардидаи ноҳияи Хуросон 3750 сомонигӣ ва як халтагӣ орд кӯмак кардаанд. Аз ин гуна мисолҳо метавон садҳо овард.
Соҳибкорони тоҷик бо вуҷуди пардохти яке аз баландтарин андозҳо дар ҷаҳон, боз масъулияти хароҷоти рӯзмарраи давлатро ба дӯш доранд. Ҳеҷ соҳае нест, ки дар он соҳибкорон саҳм надошта бошанд ва ихтиёриву маҷбурӣ дар иҷрои вазоифи ҷонии давлат ҷалб нашаванд.
Сохтмону таъмири роҳҳо, бунёду мактабу беморхона, иншоотҳои фарҳангиву варзишӣ, кӯмак ба зарардидагону камбизоатон, табобати беморони вазнин… хулоса дар ҳама самтҳо миллиардҳо сомонии соҳибкорони тоҷик масраф мешавад. Дар ҳоле, ки ҳамаи ин масориф ба дӯши давлат ва аз масъулиятҳои он аст.
Ҷалби соҳибкорон ба “иқдомҳои хайрхоҳона” кайҳо дар Тоҷикистон анъана шудааст ва дигар касе аз он таъаҷҷуб намекунад. Ҳатто раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳар баромадаш, ки ба сохтмон ё масорифи дигаре бастагӣ дорад, бидуни истиҳола ва камтарин хиҷолате амр мекунад(!) соҳибкорон ба ин ё он кор ҷалб карда шаванд. Дар ҳамин ҳол ӯ маблағҳои масрафшуда аз ҳисоби буҷаро ба худаш исбат медиҳад. Масалан дар як вохӯриаш бо мардуми Кангурт мегӯяд: мана ман ба чанд миллион сомонӣ роҳ сохтам, акнун навбати шумо. Дар ҳоле қаблтар худаш мегӯяд, ки он маблағ аз буҷа ҷудо шудааст.
Ин амрҳои Эмомалӣ Раҳмонро намояндагонаш дар маҳалҳо хеле моҳирона ва на танҳо ба нафъи давлат истифода мебаранд. Камтарин эътироз ба ҷалбшавӣ дар масрафҳо аз тарафи соҳибкорон бо суоли “магар шумо ба сиёсати “пешвои миллат” зид ҳастед” ё “магар шумо амри “пешво”-ро итоат намекунед”, дар маҳдаш хомӯш карда мешавад. Соҳибкорон тарҷеҳ медиҳанд охирин дирамашонро масраф кунанду аз хашми “Асосгузори сулҳу ваҳдат” эмин монанд.
Дар ҳамин ҳол, барои бештари ин масрафҳо дар буҷа ва дигар фонду суратҳисобҳо хароҷотҳо пешбинӣ шудаанд. Ба таври мисол, ҳар сол аз дорандагони нақлиёт, ҳатто нақлиёте, ки аслан ҳаракат намекунад, давлат сомонӣ андоз ҷамъ мекунад. Аз буҷа барои сохтмону таъмини роҳҳо низ ҳар сол миллионҳо сомонӣ ҷудо мешаванд, аммо беш аз 90 дарсади сохтмону таъмири роҳҳо аз ҳисоби соҳибкорон ва мардум анҷом мешавад. Аз хонаву мошин ва дигар амволи мардум, давлат ҳар сол миллионҳо сомонӣ суғурта меситонад. Суғурта барои он гирифта мешавад, ки дар сурати расидани офатҳои табииву ғайритабиӣ, давлат ё ширкати суғурта муваззаф аст хароҷоти барқароркунии онро пардохт кунад, аммо ҳаргиз ин корро накардааст. Тамоми масорифи офатҳо ба дӯши худи соҳибмулк аст, ё агар кӯмаке ҳам расид, аз тарафи соҳибкорон ё институтҳои молиявии байналмиллалӣ мерасад. Мақомоти Тоҷикистон ҳаргиз дар бораи на андози роҳҳо ва на суғуртаҳои давлативу ғайридавлатӣ маълумот надодаанд. Аслан маълум нест пулҳои ҷамъовардаи давлат аз ин ду самт ба куҷо масраф мешаванд ё дар дасти киҳо қарор мегиранд.
Мавзӯъи суғурта солҳои охир боз печидатар шудааст. Агар қаблан маблағҳои он асосан дар ихтиёри ширкати давлатии “Тоҷиксуғурта” қарор мегирифтанд, ҳоло ширкату бонкҳои мутааллиқ ба аъзои хонаводаи Раҳмон бизнеси суғуртаро ҳам бо суръат дар ихтиёри худ мегиранд ва ширкати давлатиро аз бозор хориҷ мекунанд. Аз ҷумла “Спитамен Суғурта”-и Ҷамолиддин Нуралиев, “Бима Иншуренс”-и Рустами Эмомалӣ, “Суғуртаи асри 21”-и Ашраф Гулов ва ғайра. Ин мавзӯъи баҳс ва тадқиқоти дигар аст, ки бо инояти Худованд ҳатман рӯзе ба он бармегардем.
Мутаассифона, ҳатто маблағҳои ба кори хайр ҷудомекардаи соҳибкорон пурра ба ҷои пешбинишуда масраф намегардад. Дар аксари ҳолатҳо мансабдорони давлатӣ қисме аз ин кӯмакҳоро медузданд ё бо ҳар роҳе аз он даромад мегиранд. Барои мисол кормандони гумруки вилояти Суғд на танҳо аз 11 дастгоҳи нафаси сунъии равонкардаи соҳибкорони истаравшанӣ боҷи гумрукӣ ситонидаанд, балки барои камтар кардани боҷ ришва ҳам гирифтаанд.
Ё баъди нашри таҳқиқоти Паём дар бораи дуздиҳои Баҳром Иноятзода дар Истаравшан, чанд маълумоти дигар дастраси мо шуд, ки нишон медиҳад ин шаҳрдори собиқи Истаравшану Кӯлоб бо баҳонаи сохтмонҳои ҷашнӣ чӣ қадар маблағи соҳибкорону мардумро аз худ кардааст.
Инак охирин маълумот дар бораи пулҳое, ки Иноятзода ё аз тоҷирони Истаравшан гирифтааст ё қарзашро пардохт накардааст:
Аксари соҳибкорони миёнаҳоли шаҳр 30-40 ҳазор сомонигӣ додаанд;
Аз аксари нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳр аз ба маблағи аз 10 то 20 ҳазор сомонӣ сӯзишворӣ гирифта пулашро пардохт накардааст;
Ба Бустони наққош ки ҳайкали шутуру аспу вағайраҳоро тарошидааст наздик ба 100000 сомониашро пардохт накардааст;
Ба се устои хуҷандии мармартарош, гаҷкор ва рангуборчӣ наздики ба як миллион сомонӣ қарздор мондааст — аз мармарчӣ 280 000, аз гаҷкор 345 000, аз рангчӣ 300 000 сомонӣ.
Масрафи соҳибкорони ватаниро дар соҳаҳое, ки давлат бояд онро ба дӯш дошта бошад, касе то ҳол ҳатто тахминан ҳисоб накардааст, аммо метавон бо итминони комил гуфт, ки он ба миллиардҳо доллар мерасад.
Аҷибтар аз ин он аст, ки байни соҳибкорони саховатманд бузургтарину “муваффақтарин” соҳибкорони кишвар — домоду фарзандони раисҷумҳур дида намешаванд. Дар ҳоле, ки 70 дарсади бизнеси кишварро дар ихтиёр доранд, то ҳол на аз Ҳасан Асадуллозода, ва на аз Шамсулло Соҳибову Ҷамолиддин Нуралиев, Рустами Эмомаливу Зарифбек Давлатов ва ғайра камтарин “иқдоми хайрхоҳона” дида нашудааст. Ба истиснои ба беморхонаҳо додани қисмате аз кӯмакҳои башардӯстонаи дуздидашуда.
Худи Эмомалӣ Раҳмон ҳам, ки солона 350 миллион сомонӣ аз буҷа барои фонди махсусаш ҷудо мегардад ва бузургтарин маошро байни раисҷумҳурҳои ҷаҳон мегирад, дар “саҳмгузорӣ дар ободии ватан” ширкат намекунад. Ҳатто аз ҳамин маблағи 350 миллионии фонди махсусаш, ки ҳисоботе дар борааш нест, ҳамагӣ 12 миллион барои кӯмаки семоҳа ба кормандони соҳаи ҷудо кард. Боқӣ 338 миллион сомонӣ пули мардумро куҷо кардааст, касе намедонад.
Ҳукумати Тоҷикистон на танҳо аз ӯҳдаи таъмини ниёзҳои иқтисодии мардум набаромада онро ба дӯши соҳибкорон гузоштааст, балки аз ӯҳдаи вазифаҳои дигараш, аз ҷумла таъмини амнияти шаҳрвандонаш дар дохилу хориҷ намебарояд. Барои ин беҳуқуқии муҳоҷирони тоҷик дар Русияву Қазоқистон ва низоъҳои сарҳадӣ бо Қирғизистонро метавон мисол зад.
Суоли матраҳ ин аст: ба вуҷуди ҳукумате, ки баландтарин андоз дар ҷаҳонро меситонад, аммо ҳеҷ як аз ниёзҳои мардумашро таъмин карда наметавонад, чӣ ниёз ҳаст?