Абӯбакри Шиблӣ сӯфии маъруфи қарни сеюми ҳиҷрӣ буда, ӯро Ибни Ҷаъфар низ номиданд. Шиблӣ дар соли 247 ҳиҷрӣ дар шаҳри Сурмани Рай мутаваллид ва дар Бағдод аз дунё рафт. Асли вай аз Хуросони қадим ва аз мардум Устурушана буд. Падари Шиблӣ ҳоҷиби бузурги халифаи аббосӣ буд ва худи вай муддатии ҳоким Дамованд буда, сипаси ҳоҷиби муваффақ биллоҳ халифаи аббосӣ гардид. Он гоҳ машоғили девониро тарк гуфт ва ба ибодат пардохт. Оқибат дар маҷлиси хайри Нассоҷ (аз бузургони тасаввуф) тавба кард ва мусоҳиби Ҷунайди Бағдодӣ гардид. Шиблӣ ба ғайр аз амвол шаст ҳазор динор аз падар ба ирс бурда буд, ки ҳамаро дар роҳи Худо бахшид. Ба сабаби бисёрии муҷоҳада ва аъмоли хориқулъода мардум вайро девона мепиндоштанд ва мақарри (қароргоҳ) вайро “дору-л-маҷонин” меномиданд.
Суханоне аз Шиблӣ
Ман ба чаҳор бало мубтало шудам ва он чаҳор душман ман аст: нафс ва дунё ва шайтон ва ҳаво. (“Тазкирату-л-авлиё” , Аттор , С. 419.)
Шиблиро пурсиданд: Офият чист? Гуфт: Лахзае дилро бо ёди Худо оромӣ бахшидан.
Ҳар, ки Худоро шинохт ҳаргиз андӯҳгин нашуд.
Нафаре назди ҳазрати Шиблӣ омад ва аз гузаронидани рӯзгор шикоят кард:
– Фарзандони зиёде дорам, ки ризқу рӯзияшонро таъмин карда наметавонам. Хоҳиш мекунам, ки чорае нишонам бидеҳ.
Ҳазрати Шиблӣ фармуд:
– Дарҳол ба хонаат бирав, ризқи касеро, ки дар худат медонӣ аз дар берун бикун. Ризқи касеро, ки дар Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) мебинӣ, пас дар хона бимонад.
***
Агар ризқ аз бозу бошад, пас нотавон ҳақи зиндагӣ карданро надорад, зеро бозӯи соҳиб шудани ризқро надорад. Аз ин бармеояд, ки Ризқи ҳақ мерасад аз Ҳақ, Ғами беҳуда мехӯрад аҳмақ.
Аммо дар гӯшае нишаста интизори ризқ шудан ҳам нишонаи оқилӣ нест, зеро то осиё гардиш накунад, касе ба он гандум намерезад.
***
Як ҳикмат
Шайх Шиблӣ ба масҷиде рафт, ки ду ракъат намоз кунад. Дар он масҷид кӯдакон дарс мехонданд ва вақти нон хӯрдани кӯдакон буд. Ду кӯдак наздики Шиблӣ нишаста буданд: яке писари сарватманд ва дигаре писари дарвеш. Дар сабади писари тавонгар ҳалво буд ва дар сабади писари дарвеш нони хушк. Писари дарвеш аз ӯ ҳалво мехост. Он кӯдак мегуфт:
– Агар хоҳӣ, ки ба ту порае нон бидиҳам, ҳамчун саги ман бош ва бонг бикун.
Он бечора бонги саг мекард ва он мунъим пораи ҳалво ба ӯ медод. Ҳамчунин бонг мекард ва ҳалво меситуд.
Шиблӣ ба онон менигарист ва мегирист. Касе аз ӯ пурсид:
-Эй шайх, туро чӣ расидааст, ки гирён шудаӣ?
Шиблӣ гуфт:
-Нигоҳ кунед, ки томеӣ ба мардум чӣ расонад. Агар он кӯдак ба нони тиҳӣ қаноат мекард ва тамаъ аз ҳалвои ӯ бармедошт, саги ҳамчун хештане набоист буд. (Аз китоби “Қобуснома”).
***
Обрӯй
Шайх Шиблӣ инсони бузург, такводор, пархезгоре буд, ки мардум эҳтиромаш мекарданд. Дар дармондагиҳо маслиҳат мепурсиданд, роҳи раҳо нишон медод, дуо мекард, мустаҷоб мешуд. Мардум мамнун.
Нонвойе аз дили шаб захмат мекашид, то бегаҳ ва орзӯи мулокот бо Шиблӣ дар дилаш армон шуда буд. Ба харидорон мегуфт, ки кош боре дидори Шиблӣ насибаш гардад. Як рӯз марде ба Шиблӣ расонид, ки фулони нонвой аз захмати зиндагӣ раҳо намешавад, аммо муштоқи дидори Шумост.
Шайх бархост, ба гармои рӯз нигох накарда, роҳ суйи хонаи нонвой гирифт. Аз дарвоза нигоҳ кард, ки руйи катҳо, зери дарахтон, мавзеи сояву салкин, дастурхони пурнозу шираву шарбат. Амалдорону вазиру кабирони шаҳр фарогат доранд. Шайх вориди дарвоза шуда, каме дохил рафт, ки чашми нонвой ба ӯ афтод ва фавран наздаш ҳозир шуда пурсид, ки чӣ иддао дорад?
Шайх тааҷҷуб кард. Баъд пурсид: ” Дар ин базмгоҳ як коса оби сард пайдо мешавад? Аз барои Худо биёр, ки хеле ташнаам.”
Нонвой гуфт: ” Фурсате дигар пайдо накардӣ, ки имруз талбандагӣ омадӣ? Намебинӣ, ки имрӯз амалдорони шаҳр меҳмони мананд?
Шиблӣ сар хамид ва роҳ суйи баромад пеш гирифт.
Нонвой ба хона даромадан замон вазир бо хайрат гуфт: ” Эй марди сахӣ, мо хабар надоштем, ки то ин дараҷот бузургӣ, то шайхи Шиблӣ ба хонаат меояд. Ӯ хонаи ҳар касе намедарояд”
Нонвой иштибоҳашро пай бурд. Суйи куча давид, хеле роҳ давиду шайхро пайдо кард ва маъзарат пурсиданӣ шуд. Чун ӯро намешинохт. Аммо Шиблӣ гуфт:
” Ту, ки барои обрӯи дунёи шуда, ин миқдор исроф доштӣ ва табақаи болоро зиёфат оростӣ, аммо барои ризогии Худованд косаи обро дареғ доштӣ. Худованд бахшадат, бирав, дар истиғфор бош”
Соима Саидӣ