Азиз Батукаев, айбдоркунандаи давлатӣ барои Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури пешини Қирғизистон аз мақомоти судӣ барои аз озодӣ маҳрум кардани раисҷумҳури сабиқ 15 соли зиндон талаб кард.
Замир Жоошев, вакили дифои раисҷумҳури пешини Қирғизистон изҳор доштааст: “Дар мурофиаи имрӯза додситон айбномаи пешинро қироат карда, барои Отамбоев 15 соли зиндон, мусодираи молу мулк ва маҳрум кардан аз мукофотҳои давлатиро талаб кард.”
Ба гуфтаи ӯ, интизор меравад, додгоҳ то 18 июн ҳукми худро эълом кунад.
Дар доираи парвандаи мазкур 19 нафар ба ҳайси гумонбар иштирок доранд. Парвандаи чаҳор нафар, аз ҷумла Алмосбек Отамбоев алоҳида баррасӣ мешавад. 14 гумонбар барои ҳамкорӣ бо муфаттишон розӣ шудаанд.
Азиз Батукаев соли 2013 бар асоси хулосаи табибон, ки гӯё бемории табобатнашаванда дорад, аз зиндони Қирғизистон пеш аз муҳлат озод шуд. Ӯ худи он рӯз ба Бишкек интиқол ёфта, аз фурудгоҳи Манас ба шаҳри Грознийи Чеченистон парвоз кард.
Вазорати умури дохилии Қирғизистон соли 2019 тафтиши қазияро аз сар гирифта, зидди Отамбоев, Индира Ҷолдубоева, додситони кулли пешини Қирғизистон ва як қатор мансабдорони пешини дигар айб эълом кард.