Рубрики Хабарҳо

Дар робита ба суқути ҳавопаймо Путин сафари кории худро лағв кард

Дар ҷои суқути ҳавопаймои Aн-148, ширкати ҳавопаймоии “Саратовские авиалинии” дар вилояти Маскав амалиёти ҷустуҷӯӣ анҷом ёфт.

Дар ин бора «РИА Новости»  хабар додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, кори муфаттишон дар ҷойи ҳодиса идома дорад. Александр Бастрикин, роҳбари Кумитаи тафтишотии Русия  чанде пеш иброз дошт, ки тафтишоти пурраи макони суқути ҳавопаймо якчанд рӯз давом мекунад.

Муфаттишон ҳамаи фарзияҳои эҳтимолии суқут, аз ҷумла, шароити обу ҳаво, омили инсонӣ ва ҳолати техникии ҳавопайморо тафтиш хоҳанд кард.

Дмитрий Песков, котиби матбуотии президенти Русия ба расонаҳо гуфтааст, бо сабаби суқути ҳавопаймо президент Путин сафари худ ба шаҳри Сочиро лағв намуда, ба вақти дигар гузоштааст.

“Дар робита ба ҳодисаи фоҷиабори суқути ҳавопаймо президенти кишвар қарор кард, ки сафари минтақавӣ ба шаҳри Сочӣ, ки имрӯз, душанбе ба нақша гирифта шуда буд, ба вақти дигар монда шавад.  Ҷадвали кории президент бо назардошти зарурати ҳамоҳангсозии кори комиссияи ҳукуматӣ дар робита ба санҷиши сабабҳои суқути ҳавопаймо дар пойтахт давом мекунад”, — гуфтааст Песков.

Ёдовар мешавем, рӯзи якшанбе,  11 феврали соли 2018 ҳавопаймои ширкати

«Саратовские авиалинии»-и Русия  баъди 7 дақиқаи оғози парвозаш аз фурудгоҳи Домодедово дар вилояти Маскав суқут кард. Бар асари ин фоҷиа 71 нафар, аз ҷумла, 65 мусофир, бо шумули се кӯдак ва 6 узви ҳайати халабонон ба ҳалокат расиданд.

Дар робита ба ин фоҷиа имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва дигарон ба президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи таслият ирсол намуда, ба президенти Русия ва наздикону пайвандони фавтидагон ҳамдардии хешро изҳор доштанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *