Рубрики Хабарҳо

Карантин дар Бадахшон тамдид шуд

Бархилофи дигар минтақаҳои Тоҷикистон маҳдудиятҳо ба хотири пешгирии паҳншавии коронавирус дар Вилояти мухтори  куҳистони  Бадахшон тамдид шуд.

Дар ин бора Ёдгор Файзов, раиси ин вилоят зимни сӯҳбаташ бо расонаҳои маҳаллӣ эълом карда гуфтааст, ки то рӯзи 20 июн тамоми маконҳои тиҷорӣ ва хизматрасонӣ дубора мавриди арзёбӣ қарор мегиранд ва дар сурати посухгӯ будан ба талаботи беҳдоштии зиддикоронаии ин марказҳо дар мавриди иҷозаи фаолияти онҳо тасмимгирӣ хоҳад шуд. 

Ба ҳамин манзур дирӯз раиси вилояти худмухтори Бадахшон ба ҳамроҳии шуморе аз мақомоти масъули ин вилоят аз марказҳои тиҷорӣ ва хизматрасонии шаҳри Хоруғ, маркази вилоят боздид кард.   

Ба думболи ин боздид эълом шуд маҳдудиятҳо ба хотири пешгирии сирояти коронавирус дар Бадахшон тамдид шудааст.   

Пеш аз ин мақомоти вилояти Бадахшон аз марги 22 сокини ин вилоят хабар дода буданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *