Расонаҳои ҷаҳон аз эҳтимоли ҳамлаи Исроил ба Эрон ба хотири ҷилавгирӣ аз дастрасии Теҳрон сиситемаи мушакии С-400 менависанд.
Пойгоҳи хабарӣ ва таҳлилии Bloomberg бо такя ба манобеъи худ навиштааст, ки Эрон мехоҳад системаҳои зиддимушакии С-400-и Русияро бигирад, аммо Исроил онро монеа барои ҳамлаи эҳтимолӣ ба таъсисоти ҳастаии Эрон медонад.
Bloomberg навиштааст, ки Исроил аз эҷоди эҳтимоли силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Эрон метарсад. Аз ин рӯ эҳтимоли ҳамларо ба назар мегирад.
Афроди Исроил ва Иёлоти Муттаҳида ба Bloomberg гуфтаанд, ки дурнамои ба даст овардани системаҳои С-400-и Эрон тасмими ҳамла аз Тел-Авивро суръат мебахшад.
Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфтааст, «Ҳар қадаре ки интизор шавем, ҳамон қадар мушкилтар мешавад. Мо хеле зиёд интизор шудем. Метавонам бигӯям, ки ман ҳар кори аз дастам меомадаро мекунам, то аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ ҷилавгирӣ шавад».
Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд Эрон барои ҷанг дар Укроин ба Федератсияи Русия ҳавопаймоҳои бесарнишин мефиристад. Вазири корҳои хориҷаи Эрон, Амир Абдуллоҳиён ахиран гуфт, ки то кунун кишварҳои ғарбӣ ягон далели воқеиро наовардаанд.