Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон дар гуфтугӯи онлайниаш бо мардум, ки бегоҳи ҷаҳоршанбе таҳти унвони “Оё худкушӣ роҳи наҷоти миллат аст” баргузор шуд, ба суолҳои бинандагону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ посух гуфт.
Мо ҳам муҳимтарини онҳоро интихоб ва қисмате аз суолҳову посухҳоро дирӯш нашр кардем. Имрӯз ҳам посухи раҳбари ПМТ ба чанд суоли дигари корбаронро пешкаши хонандагон мекунем.
Суол: Мардуми Амрико ба Қасри Сафед, ба идораи президент ҳамла карданд. Аммо на пулис ва на ягон қуввае халқро напарронд. Оё сабаб ин аст, ки шумораи мардумашон зиёд аст, ё ин ҷо назари дигаре ҳаст? Ё пулис арзиши халқро аз президент болотар медонад?
Посух: Назари ман ҳамин ҷумлаи охирини шумост, ки на ба он хотир, ки дар он ҷо шумори мардум зиёд аст, балки пулис мардумро ба он хотир бознамедорад, ки ҳуқуқи мардум дар Амрико ҳимоя мешавад ва пулис ҳақи тир парондан ба мардумро надорад. Агар тир паронад, албатта пулис дар назди қонун муҷозот хоҳад шуд. Дар Амрико қонун ҳаст ва пулис ҳам ҷузъе аз миллат аст.
Дар Ӯзбекистон ҳам ҳазорҳо мардум мусолиҳатомез ба майдону хиёбон рехтанд, аммо Ислом Каримов чандин нафарро, шояд ҳадди ақал ҳазор нафарро кушт. Ёдам ҳаст, ки соли 2010 вақте ки интихобот буд, ҳамон рӯз, ки мо тасмим мегирифтем, ки ба кӯча бароем. Ман дар утоқам нишаста будам, ки аз вазорати дифоъ раҳматии Ҳоҷӣ Ҳалим Назаров занг заду гуфт, ки ҳукумат як штаб ташкил кардааст, дар утоқи вазири дифоъ. Он вақт вазифаи вазирӣ бар дӯши Шералӣ Хайруллоев буд. Гуфт, ки мо чандин вазоратҳои қудратӣ нишастаем ва тасмим гирифтаем, ки агар шумо барои натиҷаи интихобот эътирозу митинг кунед, тирпарронӣ мешавад ва чанд ҳазоре кушта мешавад. Ва дақиқан ин ҷо калимаи “Андиҷон”-ро истифода бурданд. Гуфтанд, ки мисли Андиҷон, ҳоло чанд ҳазор одам кушта мешавад, мо намедонем, вале тир мепаронем.
Дар кишварҳои диктаторӣ ҳукуматҳо вақте тир мепаронанд на барои он ки як нафар аст, ё сад нафар, барои он ки диктатор аст. Агар тир напаронад, вай диктатор намешавад, вай як президенти демократ мешавад. Барои он диктатор мегӯянд Раҳмоновро, ё худ Каримовро, ки ба мардуми бесилоҳ тир мепаронад.
Аммо мо вақте ҳамаамон ба ин натиҷа расидем, ки бас, бояд иқдом кард, дигар на пулис, на Раҳмонов ин ҷасорати тир парондан ба мардумро нахоҳад дошт.
Суол: Оё шумо президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун як шахси мустақил мешиносед? Чунки ман чун хабарҳои оммаро таҳлил мекунам, мушоҳида кардаам, ки аз хоҷагони хориҷиаш сахт метарсад. Солҳои 2012 дар Русия пропоганда бар зидди Раҳмонов мерафт ва инчунин оппозитсия ба ҳар ҳол каме озод мегашт ва Раҳмоновро инҳо барои имзои дивизияи 201-ум ба дор кашиданӣ буданд.
Посух: Ин суханро Жириновский гуфта буд ва ҳамаи русҳо гуфтан хуб нест. Ман ҳамон вақт бо пуштибонӣ аз Раҳмонов баромад кардам зидди Жириновский. Гуфтам, ки Раҳмонов дузд аст, ҷинояткор аст, вале як сиёсатмадори кишвари дигар ҳақ надорад нисбати президенти Тоҷикистон ин ҳарфҳоро бигӯяд. Ҳеҷ кас ба ғайр аз ман аз Раҳмонов пуштибонӣ накард. Ман аз Раҳмонов, аз шахси ӯ пуштибонӣ накардам, аз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибонӣ кардам дар муқобили як сиёсатмадори хориҷӣ. Имрӯз ҳам, ҳар каси дигар агар президенти Тоҷикистонро таҳқир кунад, агар хориҷӣ бошад, ман мегӯям, ки миллати Тоҷикистонро таҳқир кардааст ва ман дифоъ хоҳам кард. Аммо худам ҳамчун як шахс, ҳамчун як инсон дифоъ нахоҳам кард, чунки ӯ ҷинояткор асту ҷиноятҳои зиёд кардааст. Ман инро барои он мегӯям, ки ҳамаи русҳоро гунаҳгор накунем, чун Жириновский чунин гуфта буд.
Он баёнияи баъзе сиёсатмадорони рус, ки гуфтанд: “Агар мо русҳо набошем, Раҳмоновро дар майдони Душанбе ба дор мекашанд” ин ҳарфи Жириновский буд ва як миқдор дуруст аст.
Агар воқеан ҳам русҳо намебуданд дар гузашта ва армияи рус намебуд, ва имрӯз ҳам набошанд, Раҳмонов ин ғуруру кибрашро нахоҳад кард. Аммо ба саволи оне, ки Раҳмонов як президенти мустақил ҳаст, ё нест, чунин мегӯям: Чи гуна як президенти ба гуфти Лукашенко пулемёте, ки хориҷиҳо дар дасташ доданд вориди Душанбе шуд ва ними Душанберо тирборон кард, метавонад президенти мустақил бошад? Ин ҳамон сарбози гурӯҳи ҷинояткоре ҳаст, ки бо силоҳи як хориҷӣ воиди Душанбе шуд, дигар чи гуна мустақил метавонад бошад? Ҳар вақте ки Раҳмонов аз хати кашидаи хоҷагони хориҷиаш як қадам берун барояд, ба ӯ мегӯянд, ки мо ҳамаи ҳамон ҳуҷҷатҳову ҳамон наворҳоро ошкор мекунем.
Як бор Раҳмонов дар масъалаи дивизияи 201-ум хост аз худаш камтарак мисли президенти Қирғизистон худро мустақил нишон диҳад, ки Квачкову ҳатто Медведев як ҷумла гуфт, ки “мы будем отвечать осиметрично”, Раҳмонов лётчикҳои Русияро ҳам озод кард аз тарс ва дивизияи 201-умро ҳам бепул дод. Ҳоло ҳар вақте ки бихоҳанд, Русия, ё ин ки Лукашенко, ё ҳатто Ӯзбекистону Қазоқистон, ки ба Раҳмонов силоҳ дода буданд, онҳо мегӯянд, ки агар аз хати мо берун баромадӣ, тамом мо ин ҳамаро ошкор хоҳем кард. Ва Раҳмонов фикр мекунад, ки вақте оппозитсияро метарсонад, фикр мекунад, ки дигарон ҳам мисли худаш ҳастанд. Ӯ ҳеҷ гоҳ президенти мустақил набуд ва наметавонад бошад.