Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон 50 автомашина дармондаанд. Одамон аз ҳукумат дархост доранд, ки “долони сабз” ташкил кунад, зеро пули онҳо тамом шуда, дигар ин ҷо монда наметавонанд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон ва Русия, ки пас аз баста шудани роҳи заминӣ байни давлатҳо аз ҳудуди Тоҷикистон баромада наметавонанд, чор шабонарӯз инҷониб дар сарҳади назди постгоҳи назоратии “Ойбек” қарор доранд.
Рӯзи 15 июн наздики 15 автомобил бо рақамҳои русиягӣ ба ин ҷо омаданд, лекин имрӯз шумори онҳо аллакай ба 50 адад ва шумори мусофирони онҳо ба зиёда аз 100 нафар расида, миёни онҳо кӯдакон низ ҳузур доранд. Аз минтақаҳои ҷануби кишвар низ мошинҳо омада истодаанд.
Одамон аз ҳукумат дархост доранд, ки “долони сабз” ташкил кунад, лекин то замоне, ки масъала баррасӣ мешавад, онҳо дар сарҳад боқӣ мемонанд: шабро дар мошинҳо рӯз карда, барои шустушӯву ҳаммом шароит надоранд ва аз гармӣ азият мекашанд.
Ҳозир танҳо тариқи роҳи ҳавоӣ бо сабт дар то ба хона расидан имконпазир аст. Чунин хатсайрҳои ҳавоӣ ба Маскав, Екатеринбург, Сургут, Новосибирск, Красноярск ташкил карда шуданд.
Лекин бо сабаби гарониии билетҳо, на ҳамаи ин ҷо будагон ба харидани он имкон доранд: бархе бо аҳли оилаашон ба ватан омадаанд. Дар ҳамин ҳол, автомашинаи шахсиро ҳам дар ин ҷо мондан ғайриимкон аст.
Одамони дар сарҳад ҷамъомада ба ҳамдигар ёрӣ мерасонанд. Ғайр аз ин, сокинони деҳоти наздик низ кумак мекунанд.
Ба гуфтаи Алекс, яке аз бошандагони ин ҷо, ҳоло касе дархост накардааст, ки онҳо ин ҷоро тарк кунанд. Мошинҳои дар канори роҳ таваққуфкарда ба ҳаракати нақлиёти боркаш халал намерасонанд. Ғайр аз ин, одамони дар ин ҷо дармонда қаламрави ҷойи ҳузурашонро тоза нигоҳ медоранд.
… Ҳукумати Тоҷикистон, консулгарии Русия дар Хуҷанд ва сафорати Русия расман чӣ гуна ҳал шудани ин масъаларо шарҳ намедиҳанд. Қаблан зикр гардида буд, ки Консулгарии генералӣ ва Сафорат аз ин вазъият огаҳ аст.