Талабот ба ронандагони мошинҳои боркаш сабуктар шуд
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эълон кард, ки оид ба танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ барои пешгирии паҳншавии Coronavirus COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуруди мошинҳои боркаш талаботи махсус ҷорӣ шуд.
Тибқи иттилоъи манба, бо мақсади содда кардани раванди транзити мошинҳои боркаш тавассути сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, минбаъд агар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мақомоти салоҳиятдор дар бораи натиҷаҳои манфии санҷиши мавҷудияти сирояти коронавирус вуҷуд дошта бошад, вуруди ронандагон бо нақлиёти хориҷӣ то 5 рӯз ба макони таъиноти бор ба Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.
Инчунин воситаҳои нақлиёте, ки ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона ворид мекунанд, ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда аз пардохти ҳаққи терминалӣ озод карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки танзими муваққатии ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ барои пешгирии паҳншавии коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали апрели соли ҷорӣ пиёда карда шуда буд.
Гуфта мешавад, ин талабот муваққатист ва пас аз барқарор шудани вазъи эпидемиологӣ бекор карда мешавад.