Русия ба диверсантҳояш дастур дода буд, ки Владимир Зеленскийро террор кунанд.
Алексей Данилов, раиси Шӯрои амнияти миллӣ ва дифои Украина дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ гуфт, ки мақомоти Украина интизор доштанд, ки ҳамлаи Русия на санаи 24 феврал, балки 22 феврал сурат мегирифт. Вай гуфт, ки диверсантҳои рус дастур гирифта буданд, ки Владимир Зеленскийро ба қатл расонанд. Ин рисолати рақами яки онҳо буд ва онҳо чандин бор кӯшиш карданд, ки Зеленскийро бикушанд. Илова бар ин метавонам бигӯям, ки рӯзи 22 феврал тахминан соати 19:20 мо иттилоъ гирифтем, ки ин ҳодиса метавонад ба зудӣ рух диҳад.
***
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб мамнӯъияти шаҳрвандони ваксиннашуда бекор карда мешавад
Аз 19 апрел ба шаҳрвандони Имороти Муттаҳидаи Араб иҷоза дода мешавад, ки ваксин нагирифта бошанд ҳам, аз кишвар бе маҳдудияти ҷорӣ бароянд. Барои ин шаҳрвандони кишвар лозим аст натиҷаи манфии санҷиши PCR ба даст оранд ва дар замимаи «Al-Hosn» аризаи хуруҷро пур кунанд, то мақоми худро ба ранги сабз иваз кунанд.
Қоидаҳои навшуда дар брифинги ҳукумат дар бораи пандемияи COVID-19 аз ҷониби доктор Тоҳир Амир, сухангӯи Идораи миллии бӯҳронӣ ва идоракунии ҳолатҳои изтирории АМА (NCEMA) эълон карда шуданд.
***
Бозии ҷавобии чорякфиналии Лигаи Аврупо баргузор шуд. Тими футболи «Айнтрахт» «Барселона»-ро аз майдони рақобат берун кард
«Барселона», ки дар майдони худ «Айнтрахт»-ро кабул карда буд, бохт. Дар аввал тими Олмонӣ се гол ба дарвозаи ҳариф ворид кард. Дар дақиқаи иловашуда тими футболи Каталонӣ ду гол зад. Аммо ин кифоя набуд.
Дар бозии аввал ҳисоби миёни ин дастаҳо мусовӣ ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа «Айнтрахт» дар ду бозӣ бар «Барселона» бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуд ва ба нимфинал баромад.
***
Маллоҳони Туркия дар берун овардани сарбозони рус аз крейсери таркидаи “Маскав” кумак накардаанд
Рӯзноманигорони маҳаллӣ бо як амалдори турк сӯҳбат карданд, ки иддаои бархе аз манобеъ дар бораи кумаки маллоҳони турк бо киштиҳояшон дар тахлияи ҳайати крейсери русии Маскавро рад кард.
Қаблан вазири дифои Литва Арвидас Анушаускас гуфта буд, ки маллоҳони турк ба артиши Русия кумак кардаанд. Ба гуфтаи вазир, мақомоти Туркия ва Руминия тасдиқ кардаанд, ки ғарқ шудани киштиро дидаанд.
***
Чин дар посух ба “Иғво”- и Амрико дар наздикии Тайван машқҳои низомӣ баргузор мекунад.
Мувофики изхороти вазорати мудофиа, харбиёни Чин барои бас кардани дахолати хориҷӣ ва кушишҳои муқаррар намудани «истиқлолияти Тайван» тамоми чораҳоро мебинанд.
Дар Вазорати корҳои хориҷии Чин гуфтаанд, ИМА бояд ҳама равобити расмӣ бо Тайванро қатъ кунад , чун Тайван воҳиди расмии маъмурии Чин аст. Дар соли 1949 муносибатҳои расмии байни ҳукумати марказии ҶХХ ва музофоти ҷазиравии он канда шуданд.
***
Sky News: Иқтисоди Бритониё бо болоравии нархҳо ва коҳиши даромади воқеӣ рӯбарӯ аст
Иқтисоди Бритониё бо мушкилоте рӯбарӯ аст, ки дар даҳсолаҳои охир дида нашуда буд. Бино ба хабари Sky News, соҳибкорон ва истеъмолкунандагони маҳаллӣ дар байни болоравии нархҳо ва коҳиши даромади воқеӣ дармондаанд.
Назар ба хабари мухбир Поль Келсо, нархи ашёи хом ва масолеҳ, инчунин нерӯи барқ ва сузишворӣ баланд шуд.
«Ин ба арзиши қариб ҳама чизе, ки аз полез ва фабрикаҳо ба мағозаҳо меояд, таъсир мерасонад. Дар баробари ин, хабари бад ин аст, ки вазъ боз ҳам бадтар хоҳад шуд ”, — қайд мекунад рӯзноманигор.