Categories Хабарҳо

Сирри марговар дар қазияи Шӯҳрат Исматуллоев ва дасти Рамазон Раҳимзода

Гумонбари дигар дар қазияи рабудани Шӯҳрат Исматуллоев, муовини собиқи раиси “Ориёнбонк” ҷони худро аз даст дод. Ҷасади Акбар Аҳмадов, ки гуфта мешуд ҳамроҳ бо Дилшод Саидмуродов ба Русия гурехтааст, ба наздиконаш супорида шудааст. Албатта мақомот на аз маргаш иттилоъе дода ва на сабаби марги ӯро шарҳ додаанд ва дар гумон аст, ки шарҳ диҳанд. Иттифоқ афтодани марги ӯ баъди “шарикдасташ” Рустам Ашӯров ва ҳамчунин замони сафари Раҳимзода ба Маскаву  бахоксупории босуръаташ суолҳои зиёде бармеангезад.

Акбар Аҳмадов баъди Рустам Ашӯров дувумин гумонбари қатли Исматуллоев аст, ки кушта мешавад. Кушта шудани ӯ гумоназаниҳо дар ин бора, ки чи сирри марговаре дар ин қазия ниҳон аст, бештар мекунад. 

Радиои Озодӣ бо истинод ба манобеъаш менависад мақомоти Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохила дар Душанбе рӯзи 30 август ҷасади Акбар Аҳмадовро ба волидонаш додаанд ва гуфтаанд дар бораи фавти ӯ дар боздоштгоҳ ба ҳеч ваҷҳ хабар надиҳанд.

Ба нақли онҳо, ҷасади Акбар Аҳмадовро ба наздиконаш нишон надодаанд ва дар дохили тобути чубӣ ба қабристони Хуҷанд бурда, ба хок супурдаанд. 

Ҷонбохтаи аввал аз нафарони шомили парвандаи рабудан ва қатли Исматуллоев ҳам на танҳо амдан ба самти марг рафт, балки дар гуфтугӯ бо модараш чизҳое гуфт, ки боиси эҷоди гумоназаниҳо гашт: ӯ гуфт Дилшод Саидмуродов ҳам ба зудӣ худашро хоҳад кушт. Ин ҳарфҳои ӯ дар ҳоле садо медод, ки мегуфт амдан ду корманди фурӯдгоҳро ва ҳоло мунтазири пулис аст ва ба марг омодагӣ мегирад. Ва бо модараш ҳам “то дидор дар қиёмат” худоҳофизӣ кард. 

Ин дар ҳолест, ки Ашӯров баъди қатли ду шаҳрванди Молдава метавонист худашро ба мақомоти ин кишвар таслим кунад ва ҳамонҷо ба зиндон бираваду ба дасти мақомоти Тоҷикистон наафтад. Чун корманди собиқи пулис ӯ наметавонист надонад, ки баъди ҷинояти куштор дар хокаш, Молдова ӯро ба Тоҷикистон истирдод нахоҳад кард. 

Аммо чаро ӯ маргро авлотар донист ва ҳеҷ кӯшише барои зинда мондан накард? Ҳамчунин итминони ӯ ба ин ки Дилшод Саидмуродов ҳам даст ба худкушӣ хоҳад зад, сахт суолбарангез аст. Ҳоло, тибқи охирин хабар, модари Дилшод ҳам аз тарафи ВКД . Бегумон, ВКД мехоҳад бо ин роҳ ба Саидмуродов фишор оварад, то худро таслим кунад. 

Суоли дигарро қазияи сафари Рамазон Раҳимзода, вазири дохилаи Тоҷикистон ба Маскав ва онҷо садо додани хабари боздошти ду гумонбари қатли Исматуллоев бармеангезад. 

Ин сафар бидуни ҳамоҳангии қаблӣ ва мешавад гуфт оҷилан иттифоқ афтод ва дар пайи мулоқоти Раҳмизода бо ҳамтои русаш Колоколтсев ҳеҷ мавзӯъи муҳиме баррасӣ нашуд, албатта ба истиснои хабари боздошти ду нафар гумонбаршудагони қатли Исматуллоев. Дафтари матбуотии Вазорати дохила ҳам ягона баҳонаи сафари вазирро гуфтушунид барои боздошту истирдоди Саидмуродов оварда буд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ВКД ва Додситонии кулл, ба Русия танҳо ду нафар аз гумонбаршудагон фирор карда буданд — Саидмуродов ва Аҳмадов. То сафари Раҳимзода ба Маскав ҳеҷ хабаре аз боздошт ё “баргашти ихтиёрии” Аҳмадов набуд. Аммо ҳамагӣ баъди як рӯзи ин сафар ВКД ҷасади Аҳмадовро ба наздиконаш таслим мекунад. 

Дертар, субҳи рӯзи дигари сафари Раҳимзода ба Маскав, манбаъи “Паём” хабар дод, ки Саидмуродов боздошт нашудааст ва дар озодӣ қарор дорад. Ин иттилоъи манбаъи моро боздошти модари Саидмуродов низ тасдиқ мекунад, чун агар ӯ дар дасти ҳатто мақомоти Русия қарор медошт, ниёзе барои боздошти модараш вуҷуд надошт. Зеро, агар фаразан мақомоти Русия Дилшодро боздошт кардаанд, намешавад, ки бо боздошти модари ӯ ба мақомоти Русия фишор овард, то Саидмуродовро ба Тоҷикистон фиристанд. Бо боздошти модараш танҳо ба Дилшоде мешавад фишор овард, ки ихтиёраш дар дасти худаш аст, яъне дар озодӣ қарор дорад.

Агар аз замони эълони Додситонии кулл ва ВКД мабнӣ бар ин ки танҳо ду нафар аъзои гурӯҳ ба Русия гурехтаанд, нафари дигаре ба ин кишвар фирор накарда бошад, танҳо боқӣ мемонад Акбар Аҳмадов. Аммо Колоколтсев аз боздошти ду нафар гумонбар хабар дода буд. Пас, агар яке аз онҳо Аҳмадов буд, нафари дувум кист?

Аммо агар Аҳмадов дар Маскав боздошт шуда буд, чи гуна ҳамагӣ як рӯз пас аз сафари Раҳимзода дар боздоштгоҳи Душанбе кушта шуд? Агар ду нафари боздошшуда дар Маскав дигаронанд, чаро ҳеҷ маълумоте дар бораи шахсият ва тақдирашон ироа намешавад?

Агар фарз бар ин шавад, ки Аҳмадов бо ҳамон сабабе, ки Ашӯров мегуфт Саидмуродов ҳатман даст ба худкушӣ хоҳад зад, дар Русия ба ҷони худаш қасд кардааст, ин фарзия сафари Раҳимзода ба Маскавро бемаънӣ мекунад. Ҳатто агар Аҳмадов бисёр фигураи муҳим дар гурӯҳ буд, мурдааш арзиши бисёр ночизе барои тафтишот дорад ва барои оварданаш Раҳимзода як тараф, ҳеҷ афсаре ҳам ба Русия намерафт. 

Ягона фарзияи мантиқие, ки боқӣ мемонад ин аст, ки Аҳмадов бо кадом нафари дигаре дар Русия боздошт шудаанд ва чун барои тафтишот ё мақомот ва ё ҳатто худи Раҳимзода бисёр муҳим буд, вазири дохила шахсан барои оварданаш ба Маскав рафт. Ва чун маълумоте, ки Аҳмадов медонист намебоист ба дасти мақомоти дигар, масалан Додситонии кулл ва ё ҳатто раисҷумҳур бирасад, баробари расиданаш ба Тоҷикистон аз байн бурда шуд. Раҳимзода, ки наметавонист ӯро дар Маскав “безарар” гардонад. 

Худи шахсан ба Маскав сафар кардани Рамазон Раҳимзода гувоҳи ин аст, ки маълумоте, ки Аҳмадов ё ҳар нафари дигар медонист бисёр муҳим ва шояд ҳатто дорои сирри давлатӣ буд. Ва ё худи шахси Раҳимзода манфиатдор буд, ки дастгиршудаҳо ҳеҷ маълумоте дар бораи қазия ба ҳеҷ нафари дигаре ҷуз худаш надиҳанд. 

Ба даст доштани Раҳимзода дар ин қазия ё шахсан манфиатдори ошкор нашудани маълумот дар бораи он буданаш далоили дигар ҳам ишора мекунанд. Рустам Ашӯров ва Дилшод Саидмуродов ҳарду кормандони собиқи ВКД буданд, ки баъдан ба ниҳодҳои дигар гузаштанд. Чаро онҳо наметавонистанд одамони Раҳимзода бошанд, ки барои ӯ дар ниҳодҳои дигар кор мекарданд? 

Баргардем ба таъкиди Рустам Ашӯров бар ин ки Дилшод Саидмуродов ҳам ҳатман мисли ӯ худкушӣ хоҳад кард. Бисёр кам иттифоқ меафтад, ки ҷинояткор баъди содир кардани ҷиноят даст ба худкушӣ занад. Ва итминони Ашӯров бар ин ки Саидмуродов ҳам баст ба худкушӣ хоҳад зад, гувоҳи ин аст, ки қабл аз ҷиноят ё ҳади ақал пеш аз ҷудо шуданашон аз ҳамдигар онҳо медонистанд, ки бинобар кадом сабабе дар сурати рух додани ҳолате, ки боздошти онҳоро имконпазир гардонад, онҳо даст ба худкушӣ хоҳанд зад. Яъне боздошти онҳо барои худашон он қадар хатарнок буд, ки омода буданд қасд ба ҷони худашон кунанд.

Ин хатар чӣ хатаре буда метавонад, ки нафар барои рафъи он аз ҷонаш гузарад?

Ба назари мо ягона хатаре, ки инсон барои рафъаш метавонад даст ба худкушӣ занад, хатар бисёр ҷиддӣ ба хонаводааш аст. Ҳатто на ба як узви хонавода, балки чанд нафари онҳо. Пас, ҳади ақал ин ду нафар ҳамаи аъзои гурӯҳ медонистанд, ки дар сурати дастгир шуданашон ба аъзои хонаводаашон хатари бузурге таҳдид мекунад.

Аммо манбаъи ин хатар куҷост?

Ду боздошти ахир — боздошти модарони Аҳмадов ва Саидмуродов манбаъи хатарро ҳам ифшо мекунанд: Вазорати корҳои дохила. Бо ҳаводиси ахир манбаъи хатар боз мушаххастар мешавад: Рамазон Раҳимзода Ҳамро, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *