Categories Хабарҳо

Эмомалӣ Раҳмон бо муҳоҷирони тоҷик вохӯрӣ намекунад

Сухангӯи раисҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард, ки дар барномаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав дидор бо муҳоҷирони кории тоҷик пешбинӣ нашудааст.

Тибқи иттилои сомонаи Топ Ти Ҷи, Абдулфаттоҳ Шарифзода, котиби матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки замони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав маҳдуд мебошад. Ва бо дар назар гирифтани бемории вируси корона имкони дидор бо намояндагони муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия вуҷуд надорад.

Шарифзода таъкид кардааст, ки тими ҳамроҳи Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафар ба Маскав ду ҳафта давраи карантинаро пушти сар гузошта ва се бор ташхиси каронавирус додааст.

Ин дар ҳолест, ки Иззат Амон мудофеи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия дар остонаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав хостори дидори Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони созмони коргарони муҳоҷири тоҷик шуд. Иззат Амон гуфт, мушкилиҳои зиёде дар муҳоҷирон вуҷуд дорад, ки барои раҳоӣ аз он муҳоҷирон ниёзманди мусоидати Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Раисҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими паради низомӣ ба муносибати 75-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ширкат кард ва дар Маскав қарор дорад.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *