Салими Аюбзод, хабарнигор ва адиби шинохтаи тоҷик, рӯзи 23 июн расман мудири бахши тоҷикии Радиои Озодӣ таъйин шуд. Аюбзод, ки аз кормандони собиқадори Озодӣ ба шумор меравад, аз 1 апрели соли 2019 иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши тоҷикии ин радио буд.
Таъйиноти ӯ як сол пеш дар ҳоле сурат гирифт, ки дар матбуоти Ғарб раҳбарияти қаблии бахши тоҷикии радиои Озодиро ба табдили ин расонаи амрикоӣ ба минбари таблиғоти ҳукумати худкомаи Эмомалӣ Раҳмон айбдор карданд ва буҳрони бахши тоҷикӣ боиси барканории як иддаи бузург аз роҳбарони ин корпоратсияи бузурги матбуотии Амрико, аз ҷумла мудири қаблии бахши тоҷикиаш Соҷидаи Мирзо, мудири барномаҳои Осиёи Марказии ин радио Аббоси Ҷаводӣ ва сардабири кулли радио Ненад Пеич шуд.
Буҳрони бахши тоҷикӣ яке аз бузургтарин буҳронҳо дар таърихи 70-солаи Радиои Озодӣ дониста мешавад. Таъйиноти Салими Аюбзод дар ҳоле сурат мегирад, ки бахши тоҷикии радиои Озодӣ бо сабти ном хабарнигоронаш дар Тоҷикистон дучори мушкилоти зиёд шудааст ва троллҳои тарафдори ҳукумат ҳамарӯза ба Озодӣ ва кормандонаш ҳамла мекунанд.
Салими Аюбзод 18 августи соли 1960 дар ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омада, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Салими Аюбзод дар солҳои 80 ва ибтидои солҳои 90 дар нашрияҳои «Комсомоли Тоҷикистон”, «Адабиёт васанъат» ва»Ҳафтганҷ»кор карда, солҳои 1991-1992 сардабири нашрияи»Чароғи рӯз» буд. Дар соли 1992 ба Маскав кӯчид ва котиби масъули ҳафтаномаи «Голос», сипас таҳлилгари «Независимая газета» таъйин шуд.
Салими Аюбзод аз соли 1990 ҳамкориро бо Радиои Озодӣ оғоз кард ва соли 1995 барои кор ба дафтари марказии ин радио дар Прага даъват шуд. Салими Аюбзод 20 сол дар бахши тоҷикии радиои Озодӣ кор карда, аз соли 2015 то таъйин шуданаш ба раҳбарии бахши тоҷикӣ раҳбарии шабакаи хабарии Осиёи Марказиро бар ӯҳда дошт.
Салими Аюбзод муассиси торнамои «Нигориш ва кандуков» ва муаллифи шаш китоби мустанад ва бадеӣ: «Девор”, «Гунги хобдида”, «Сад ранги сад сол”, «Тоҷикон дар қарни бистум”, «Каме латра” ва филмҳои мустанади «Муҳоҷират”, «Бозгашти беохир” мебошад. Намунаҳои осораш ба забонҳои хориҷӣ баргардон ва нашр шудаанд. Аюбзод чанде аз достонҳои кутоҳи Ҷек Лондон, Наҷиб Маҳфуз, Гектор Ҳю Монро (Соқӣ), Вардгес Петросиён, Дурдӣ Байлиев ва дигаронро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Ӯ барандаи Ҷоизаи Конфедератсияи иттифоқҳои журналистони СНГ (соли 1991) ва Ҷоизаи ба номи Отахон Латифӣ (с.2017) мебошад.