Роҳеро, ки мардум месозад, ҳукумати Ашт ба номи худ сабт кардааст
Дар ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт таъмири асосии беш аз 9 километр роҳи Шайдон – Понғоз оғоз ёфт.
Беш аз 54 ҳазор метри мураббаъ мумфарш шуда, барои он 6 ҳазор тонна асфалт истифода бурда мешавад. Таъмир аз ҳисоби маблағҳои ҷамъкардаи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, соҳибкорон, шахсони саховатпешаи сокинони деҳаҳои Понғоз, Хиштхона, Бободархон ва Саро сурат мегирад.
Барои амалӣ шудани ин иқдоми нек, тақрибан, 3 миллион сомонӣ сарф мегардад. То оғози корҳо ба тариқи ҳашар роҳҳо васеъ шуда, бо техникаҳои махсуси роҳсозӣ ҳамвор ва барои мумфаршкунӣ омода гаштанд.
Қобили зикр аст, ки тули чанд соли охир, ҳамасола бо ибтикори марҳум домулло Абдураҳими Понғозӣ ҷойҳои аз боду борон ва гузашти мошинҳои борбари вазнин вайроншудаи роҳҳо таъмир мешуданд. . Тайи се соли охир 13 километр роҳҳои маҳаллӣ ба маблағи 2 миллиону 530 ҳазор сомонӣ мавриди навсозӣ қарор гирифт.
Дар ҳамин ҳол мақомоти маҳаллии ноҳияи Ашт ба нашрияи давлатии Ҷумҳурият гузориш додаанд, ки пеш аз ҳама таъмири роҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳия суръат мегирад. Аммо гуфта нашудааст, ки мақомоти маҳаллӣ аз ҳисоби буҷаи ноҳия барои таъмири ин роҳ чи қадар маблағ ҷудо кардааст.
Як нафари огоҳ аз рафти таъмири роҳи Шайдон-Понғоз ба Радиои Паём гуфт, саҳми ҳукумат дар асфалтпушкунӣ сифр аст. Ҳатто ҳукумати ноҳияи Ашт барои дарёфти техника мусоидат накардааст.
Қаблан яке аз ихтиёриёни сохтмони роҳ ба Паём гуфта буд, ки аз маблағи аз соҳибкорон ҷамъоваришуда 325 тон сақич ва 100 тон мазут харидорӣ шудааст, ки қариб ними масрафи умумии таъмири роҳро дарбар мегирад.
Масрафи умумии таъмири куллии ин роҳ ҳудуди 3,7 миллион сомонӣ ҳисоб шуда, хариди сақич ва мазут қариб 1,5 миллион тамом шудааст. Ӯ гуфта буд ҳоло дар умум ҳудуди 2,5 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ шуда, ба 1,2 миллион сомонии дигар ниёз доранд, ки дар ҳоли ҷамъшавист.