Рубрики Хабарҳо

«Профессори муҷоҳид»ба 3,5 соли зиндон маҳкум шуд

Абдусалом Одиназода, профессори кимиё-биолоҷии зодаи Тоҷикистонро додгоҳи Австралия ба “таблиғи терроризм” тавассути шабакаи YouTube гунаҳкор дониста, ба 3,5 соли зиндон маҳкум кард. Одиназода, ки дар бонуфузтарин донишгоҳҳои ҷаҳон кор кардааст, ду соли охир қабл аз боздошташ ба шиддат мазҳабӣ шуда буд ва зиёд аз ҷиҳод ҳарф мезад. Бархе корбарон аз ӯ «профессори муҷоҳид» ном мебурданд.

Ӯ то замони ҳабсаш дар моҳи декабри соли 2020 дар донишгоҳи Австралияи Ғарбӣ кор мекард. Вебсайти хабарии www.abc.net.au рӯзи 26-уми август бо нашри ин хабар, ки тарҷумаи онро Радиои Озодӣ меорад, гуфт, ки Одиназода метавонад бар асоси қонуни афв августи соли оянда ба озодӣ барояд.

Додгоҳ дар ҳукми худ гуфт, ки Одиназода дар саҳифаи худ дар YouTube аз моҳи январи соли 2019 то замони ҳабсаш дар моҳи декабри соли 2020 наворҳои зиёди видеоие нашр кард, ки тавассути он “мусалмононро ба сарнагунии ҳукумати Тоҷикистон ва эҷоди халифат даъват мекард”. Додгоҳ гуфтааст, ки ӯ “дар бораи илҳомбахш будани “Толибон” дар Афғонистон ва ҳам гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Сурия бисёр сӯҳбат мекард”. Ин видеоҳо, ба навиштаи манбаъ, беш аз 1,6 миллион бор дида шудаанд ва 78 дарсади тамошобинонаш дар Русия ва 12 дарсадашон дар Тоҷикистон будаанд.

Додгоҳ гуфтааст, ки бисёр наворҳои видеоии Одиназода тамошобинонро ба дастрасӣ ба силоҳ, қудрат ва нуфуз ба хотири таъсиси артише ташвиқ мекард.

Тафтишот бори аввал моҳи апрели соли 2020 ба хонаи Одиназода дар Австралия рафта, хонаву мошини ӯро ҷустуҷӯ ва телефони мобилу лептоп ва сахтафзори компютерашро мусодира кард. Таҳқиқи парвандаашро Полиси фееролии Австралия, Созмони амнияти иттилоии Австрелия ва ҳам полиси Австралияи Ғарбӣ пеш бурдаанд.

Муаллифи мақола менависад, Одиназода дар сӯҳбатҳои аввалия бо муфаттишон ваъда додааст, ки саҳифаашро дар YouTube мебандад, вале шаш ҳафта баъд дубора онро фаъол кардааст.

Маълум нест, ки оё дар сухани охиринаш дар додгоҳ Одиназода чӣ гуфт, вале оғози моҳи август, вақте ӯро бар асоси дар 15 навори видеоиаш дар 18 мавриди қонуншиканӣ, аз ҷумла, ташвиқу пуштибонии терроризм гунаҳгор ва6,5 соли ҳабсро талаб карданд, худро гунаҳгор эътироф кард. Бо назардошти мӯҳлати нигаҳдориаш дар ҳабс дар давраи тафтишот, мӯҳлати умумии ҳабси ҳатмии ӯ бояд 2 солу ҳашт моҳро дар бар гирад ва ӯ метавонад бар асоси қонуни афв августи соли оянда озод шавад.

Маълум нест, ки дар ҷаласаи оирини додгоҳаш Одиназода чӣ гуфт, вале матлаби вебсайти австралиягӣ мегӯяд, ин шаҳрванди собиқи Тоҷикистон ба додрас шикоят кардааст, ки дар дохили зиндон бо ҳолатҳои табъйизу таҳдиди ҷонибдорони ақидаҳои бартарияти нажодӣ рӯбарӯ шудааст.

Абдусалом Одиназода 54 сол дошта бо ихтисоси биохимик давоми даҳ сол дар донишгоҳи Австралияи Ғарбӣ кор мекард. Баъди боздошту эълони иттиҳом ӯро «хатарноктарин сокини аёлат» номиданд.

Мавқеи ҳукумати Тоҷикистон ба ҷараёни кунунии қазияи Одиназода рӯшан нест, вале чор сол пеш мақомоти тоҷик низ Абдусалом Одиназодаро ба «даъвати оммавӣ барои сарнагунии ҳукумат» ва «даъват ба ифротгароӣ тавассути Интернет», муттаҳам карда буданд.

Аммо дар чанд мавриде, ки Одиназода аз раҳбарони ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ танқид кард, саҳифаҳои наздик ба ҳукумати Тоҷикистон наворҳои ӯро бознашр ва аз худи ӯ ситоиш намуданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *