Рубрики Хабарҳо

Таҳдиди Эрон ба Амрико ва Исроил ба Эрон

Ҳасан Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон имрӯз дар солгарди хурӯҷи Амрико аз “Барҷом”, дар вокуниш ба иқдомоти эҳтимоли Иёлот муттаҳида, ки қарор аст имрӯз аз сӯи раисҷумҳури ин кишвар эълом шавад, гуфт: аз имрӯз фурӯши ураниуми ғанишуда ва об сангинро мутаваққиф хоҳем кард.

Рӯҳонӣ изҳор кард: мо ба 5 кишвари боқӣ монда дар Барҷом фурсат додем. Агар тайи 60 рӯзи оянда ба натиҷа нарасем, ду иқдоми дигарро оғоз мекунем. Яке аз ин иқдомҳо афзоиши адам пойбандӣ ба маҳдудияти ғанисозии 3.5 дарсад хоҳад буд.  

Вай ҳамчунин бо баёни ин ки «ба 5 кишвари тарафи Барҷом пайғом додем, агар ин иқдоми Эронро баҳонае барои ҳузури парвандаи Эрон дар Шӯрои амният қарор диҳанд, бо иқдоми фаврии Эрон мувоҷиҳ хоҳанд шуд», афзуд: сабри мо стратегӣ буд. Мо ҳамчунон марди сулҳ ва эътидол ҳастем. Мо оғозгари ҳеҷ ҷанге нахоҳем буд. Барҷом тасмими миллӣ ва тасмими кулли низом буд. Эрон дар замини Амрико бозӣ накард.

Алиакбар Cолеҳӣ, муовини раисҷумҳур ва раиси созмони энерҷии атомии Эрон гуфт: агар бигӯянд вориди (ғанисозии) 20 дарсад бишавем, ин омодагиро дорем, ки дар арзи чаҳор рӯз 20 дарсадро муҷаддад дар сатҳи қобили қабул шурӯъ кунем.

Солеҳӣ пас аз поёни ҷаласаи ҳайати давлат дар гуфтугӯ бо хабарнигорон бо ишора ба тасмими давлати Эрон барои канор гузоштани бахше аз тааҳҳудоти худ дар “Барҷом”, тасреҳ кард: аз имрӯз дигар мо мултазам ба риояти сақфи 300 кило барои ураниуми ғанишуда 3.67 дарсад ва ҳамчунин сақфи 130 тон барои об сангин нестем.

Ба гузориши телевизиони давлатии Эрон, Солеҳӣ дар ин бора изҳор дошт: бозгаштпазирӣ лаҳзае аст ва бастагӣ ба навъи он дорад. Ба таври мисол агар фардо рӯзе фарз кунем бигӯянд вориди 20 дарсад бишавем, ман қаблан ҳам эълом кардам, ки ин омодагиро дорем, ки дар арзи чаҳор рӯз мо 20 дарсадро муҷаддад дар сатҳи қобили қабул шурӯъ кунем.

Аз сӯи дигар Маҳмуд Воизӣ, раиси дафтари раисҷумҳури Эрон низ пас аз ҷаласаи ҳайати давлат эълом кард, ки агар дар тайи ду моҳи оянда бо кишварҳои тарафи “Барҷом” ба натиҷа нарасанд, марҳалаи дуввуми фаъолиятҳои ҳастаӣ аз сӯи Эрон иҷроӣ хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, Бинёмин Нитонёҳу, нахуствазир Исроил гуфт: ба Эрон иҷоза намедиҳем, ки ба таслиҳот атомӣ даст ёбад. Вай ҳамчунин тасреҳ кард: ба мубориза бо касоне, ки мехоҳанд моро ба қатл бирасонанд, идома медиҳем.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико 8 майи соли 2018 аз тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳ 5+1 «Барҷом» хориҷ шуд ва таҳримҳои Амрико алайҳи Эронро дубора вазъ кард.

Ҳамчунин расонаҳои америкоӣ дирӯз аз қавли манобеъи наздик ба давлати ин кишвар эълом карданд, Доналд Трамп рӯзи чаҳоршанбе таҳримҳои ҷадиде алайҳи Эрон эъмол хоҳад кард, ки бахше дигар аз иқтисоди ин кишварро дар бар хоҳад гирифт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *