Тоҷикистон бо 101 кишвари ҷаҳон тиҷорат кардааст, аммо дар равобити тиҷоратии 91 кишвар воридот нисбат ба содирот зиёд аст. Илова бар ин, аз 58 кишвари ҷаҳон танҳо воридот анҷом дода шуда, содироти мол нест.
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар 7 моҳи соли ҷорӣ беш аз 4 миллиарду 100 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,5 фоиз ё 584 миллиону 900 ҳазор доллар зиёд мебошад. .
Ба иттилои манбаъ, тавозуни савдо манфӣ буда, беш аз 1 миллиарду 400 миллион долларро ташкил додааст.
Воридоти мол дар ин давра беш аз 2 милиарду 700 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, 25,2 фоиз ё 559 миллиону 200 ҳазор доллар зиёд мебошад.
Содироти маҳсулот низ 1,9 фоиз ё 25 миллиону 700 ҳазор доллар афзуда, беш аз 1 миллиарду 300 миллион долларро ташкил дод.
Дар миёни ин кишварҳо Туркия, Белгия ва Швейтсария ҳастанд, ки умдатан фулузоти қиматбаҳо, алюминий ва нахи пахта ба онҷо содир мешавад.
Дар ин муддат Тоҷикистон аз 101 кишвари шарики тиҷорӣ аз 58 кишвари ҷаҳон коло ворид карда, аммо ба онҳо чизе содир накардааст.