Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе чарх мезанад, ки дар он чанд нафар, ки зоҳиран кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулъода ҳастанд, як марди яхбастаро аз дохили микроавтобус берун меоранд.
Чанд рӯзи охир дар Қазоқистон ҳаво ба таври камсобиқае сард шудааст. Ҳарорати ҳаво то 50 дараҷа зери сифр поён рафта, мушкили зиёде ба сокинони ин кишвар ва ҳайвонот эҷод кардааст. Чанд навори дигаре ҳам пахш шудааст, ки дар он ҳайвоноти яхбаста, аз ҷумла харгӯш ва саг нишон дода мешаванд.
Дар Қазоқистон вазъи фавқулъода эълон шуда, мактабҳо таътил ва соати корӣ кам карда шудааст.
Тибқи пешбинии ҳавошиносон ҳаво фардо “гармтар” шуда шабона 37-38 ва рӯзона 26-28 дараҷа зери сифр хошад буд.
Навори марди яхзадаро инҷо бубинед: