Рубрики Хабарҳо

Мақомот 13 узви оилаи Ҷаннатуллоҳи Комилро бо шумули занону кӯдакон асир гирифтанд

Дар идомаи мавҷи боздоштҳои ахир, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон роҳандозӣ кардааст, 13 узви оилаи Ҷаннатуллоҳи Комил, масъули дафтаи ҲНИТ дар Олмонро асир гирифтаанд. Бештари асирон занону кӯдакон гуфта мешаванд.

Мақомот сабаби боздошти онҳорро шарҳ надода, талаб кардаанд, ки се марди узви оила бояд худро таслим кунанд. Сабаби даъват ба таслими онҳо ҳам маълум нест. 

Тибқи гуфтаи худи Ҷаннатуллоҳи Комил ҳамсари бародараш Шарипова Ҳуснигул ва духтари бародараш Комилова Фотимаро ҳамроҳ бо кӯдаки 3-солааш мақомоти амниятии шаҳри Душанбе рӯзи 4 июн боздошт ва бегоҳи ҳамон рӯз раҳо кардаанд. Вале аз онҳо талаб шудааст, ки ба боздошти се нафар мусоидат кунанд. 

Дирӯз, 5 июн мақомоти амниятии ноҳияи Данғара 5 нафар зану кӯдаки узви хонаводаро асир гирифта, бегоҳ раҳо намудаанд. Аммо имрӯз ҳамаи онҳоро дубора ба асорат гирифта, ба Кӯлоб бурдаанд. Рӯйхати асирон ба ин тартиб аст:  

1. Комилова Шодигул, 52 сола хоҳарбузурги Ҷаннатуллоҳи Комил;. 

2. Комилова Маъсума, 23 сола духтари бародараш;

3. Марзия се сола, духтари Маъсума;

4.  Мустафои думоҳа, писари Маъсума

5. Шайхмуродова Бунафша, 25 сола, хамсари фарзанди бародараш. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *