Рубрики Хабарҳо

Сафорат гуфт танҳо 57 нафар муҳоҷири боздоштшуда тоҷикистонӣ буданд

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо нашри иттилоияе шоми дирӯз, 31-май эълон кард танҳо 57 нафар аз муҳоҷирони боздоштшуда дар минтақаи Митинои Маскав тоҷикистонӣ буда, бахше озод гаштаанд ва бахши дигар ҳанӯз дар боздоштгоҳ ба сар мебаранд.

“Кормандони Хадамоти консулӣ ба шуъбаи корҳои дохилии минтақаи мазкур сафарбар шуда, дар натиҷа муайян намуданд, ки аз ин шумора 57 нафари онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, айни ҳол 20 нафари онҳо озод шуда,  тафтиши ҳуҷҷатҳои будубоши боқимонда шаҳрвандон идома дорад”, — омадааст дар иттилоияи сафорат.

Сафорат бо зикри 57 нафар будани шаҳрвандони Тоҷикистон дубора таъкид карадааст, “байни боздоштшудагон шаҳрвандони дигар давлатҳо низ ҳузур доранд”.

Ҳамчунин ба гуфтаи сафорат бо истинод ба маъмурияти пулиси ин минтақа, “пас аз хотима ёфтани тафтиши ҳуҷҷатҳои боздоштшудагон, онҳо тибқи тартиб аз ин муассиса озод мегарданд”.

Дар ҳамин ҳол дафтари дипломатики Тоҷикистон дар Русия шарҳ намедиҳад, ки чаро тафтиши ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон аз субҳ то шом ба охир нарасидааст.

Хотиррасон мекунем, ки субҳи дирӯз гурӯҳи зудамали пулиси Русия — ОМОН ба хобгоҳи муҳоҷирон, ки дар бинои сохтмони нав ба сар мебурданд, ва 150 нафарро боздошт кард.

Ҳафтаи охир боздошт ва латукӯбу истирдоди муҳоҷирони тоҷик ба таври бесобиқае боло рафтааст.   

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *