Ҷамшед Нарзуллоев, сардухтури осоишгоҳи хусусии “Авис” дар шаҳри Истаравшан бо гирифторӣ ба вируси коруно бистарӣ шудааст.
Дар ин бора аз бемористони “Авис” ба Паём хабар дода гуфтанд, ҳини гирифтории Кароматуллоев Эҳсонуллоҳхон, муовини директори ширкати “Оби зулол” ки чанд рӯз пеш дар натиҷаи гирифторӣ ба коронавирус фавтида буд, қабл аз маргаш дар хонааш ӯро Ҷамшед Нарзуллоев муолиҷа карда будааст.
Тахмин зада мешавад, ки ба Ҷамшед Нарзуллоев ҳини муолиҷаи Кароматуллоев Эҳсонуллоҳхон вируси коруно сироят кардааст.
Гуфтанист, санаи 28 апрел расонаҳо хабар дода буданд, ки яке аз муовини директори ширкати «Оби зулол”, бузургтарин корхонаи тавлиди нӯшокиҳои Тоҷикистон вафот кард.
Сабаби марги Эҳсонуллохон Кароматуллоевро аз дарди қалб унвон карда буданд.
Саъдӣ Умаров, як муовини дигари мудири «Оби зулол” ҳам ба радиои Озодӣ гуфта буд, ки Кароматуллоев аз дарди қалб фавтидааст, на аз илтиҳоби шуш. Як манбаи наздик ба осоишгоҳи «Авис Сити” дар Истаравшан, ки Эҳсонуллохон Кароматуллоев онҷо муолиҷа мегирифт, гуфта буд, ки баъди маргаш осоишгоҳро баста, карантин эълон кардаанд.
Санаи 29 апрел, як манбаъ аз шаҳри Истаравшан ба радиои Паём тавассути паёмрасони вотсап хабар дода гуфта буд, аз пайвандони Эҳсонуллохон Кароматуллоев аст. Кароматуллоев ягон намуд бемории қалбӣ надошт. Ӯ бо сабаби нафастангӣ ва зуком бистарӣ шуда буд.
Гуфтанист, як манбаъи муътамад аз ҳукумати шаҳри Истаравшан, ки нахост номаш ифшо шавад, дирӯз ба Паём хабар дода гуфта буд, дар давоми як шабонарӯз дар Истаравшан аз бемории COVID-19 27 нафар фавтиданд.
Манбаъи мо дар ҳукумати шаҳри Истаравшан маълумот дод, ки муддати ду-се рӯзи охир, худ шоҳиди фавтидани панҷ нафар шудааст ва сабаби фавти онҳо мубталоӣ ба коронавирус будааст.
Бино ба иттилои манбаъ, тули чанд рӯзи охир Усмонова Саодат, муҳосиби гимназияи №1-и шаҳри Истаравшан, Махсудов Хушбахт раиси Маркази эпидемиологии шаҳри Истаравшан, Азизи бизнесмен маъруф ба Азизи риш, Файзуллоев Сайфулло корманди мақомоти иҷроияи ҳукумати шаҳр, Ҷӯраева Наргис, ҳуқуқшинос, дар натиҷаи гирифторӣ ба бемории вируси COVID-19 фавтидаанд.
Манбаъ мегӯяд, Диловар Азимов, мудири маорифи шаҳри Истаравшан ва Акбар Маърупов, раиси дастгоҳи иҷроияи ҳукумати ин шаҳр низ мубтало ба бемории вируси COVID-19 шудаанд.
Гуфта мешавад олудатарин минтақа ба вируси коруно дар Истаравшан, маҳаллахонаи Боғот будааст.
Сообщение ПАЁМ.net.