Рубрики Хабарҳо

Бештарин аъзои ДОИШ аз кишварҳои диктаторӣ ҳастанд

Хабаргузориҳои “Вашингтон пост”, “Русия ал-явм”, “Шпигел” ва дигарон дар бораи теъдод ва ҷуғрофиёи ДОИШ борҳо навиштаанд. Дар раъси кишварҳое, ки бештарин неруҳои ДОИШ аз онҳо ҷазб шудаанд, Тунис Арабистони Саудӣ, Марокаш, Русия ва Фаронса қарор доранд.

Аз даруни ҷангҳои ДОИШ номи Тоҷикистон ҳам зиёд шунида мешуд. Ба хусус пайвастани сарҳанг Гулмурод Ҳалимов ба сафи ДОИШ  то чандин муддат дар сархати хабарҳои ҷаҳон қарор дошт.

Ӯ ошкоро ба ҳукуматдорон муроҷиат кард ва сабаби пайвастанашро ба ин гурӯҳ иқдомҳои саркубгароёнаи онҳо унвон кард.

Мақомоти Тоҷикистон иддао мекунанд, ки беш аз 1400 нафар тоҷик дар сафи ДОИШ меҷанганд. Агар ин теъдод дуруст бошад метавон аз нигоҳи дарсад Тоҷикистонро дар рутбаҳои аввали ин лист қарор дод.

Масалан Арабистони Сауди кишваре бо ҳудуди 40 миллион ҷамъият ва бо 3000 нафар аъзо дар ҷои дуввум қарор дорад.

Аммо гап ҷои дигар аст.

Кишвари Тунис дар замони Бин Алӣ яке аз кишварҳои диктаторие буд, ки бештарин маҳдудиятҳоро болои дин ва диндорон ҷорӣ карда буд. Тамоми ин неруҳое, ки имрӯз ба ДОИШ пайвастаанд натиҷаи низоми диктатории уст.

Низомҳои диктатории Ироқу Сурия ҳам, ки бистари пайдоиши ДОИШ шуданд. Натиҷаи чандин сол зулму маҳдудиятҳои низомҳои “баъсӣ” дар Ироқу Сурия пайдоиши гурӯҳе ба номи ДОИШ буд.

Арабистони Саудӣ ҳам кишварест бо маҳдудиятҳои зиёд ва низоме ғайридемократӣ, ки натиҷаи он ҳазорон неруи ДОИШ-ӣ аст.

Дар мавриди Русия ва Фаронса ҳам қазия фарқ мекунад. Бештари онҳое, ки аз Русия ба ДОИШ пайвастаанд  касоне ҳастанд, ки  аз низомҳои диктатурии кишварҳои худ ба дод омада, шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд. Ба хусус шаҳрвандони Осиёи Миёна маҳз ба хотири фирор аз зулми диктаторҳо ва аз маҳдудиятҳои онҳо шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд.

Дар Фаронса низ масъала чунин аст. Бештар касоне ба ДОИШ пайвастаанд, ки аз дигар кишварҳо  ҳамчун паноҳанда ба Фаронса омадаанд. Онҳо дар низомҳои худкома бузург ва тарбият шуда буданд ва баъдан ба Фаронса омада буданд.

Албатта намбояд инро ҳам истисно кард, ки баъзе ҷавонони эҳсосӣ ба хотири ҳамосаи зиёдашон зуд ба доми ин гурӯҳ меафтоданд. Вале онҳо низ ба гунае зулми диктаторҳоро эҳсос кардаанд. Ё аз тариқи падару модарашон ё аз тариқи  расонаҳо.

Ҳатто пас аз пайдоиши ДОИШ ҳам кишварҳои диктаторӣ аз ин фурсат суистифода намуданд. Онҳо боз ҳам ба номи мубориза бо ДОИШ ва ифротгароӣ ҷавонон ва мардуми бегуноҳи зиёдеро  мавриди шиканҷа қарор доданду равонаи зиндон намуданд.

Ба хусус ҳукумати Тоҷикистон аз ин фурсат барои саркӯби мухолифини сиёсиаш ба таври васеъ истифода намуд. Дар кишвари мо кор ба ҷое расидааст, ки ҳар як шаҳрванд метавонад мавриди иттиҳоми ДОИШИ будан қарор бигирад. Бо ин иттиҳом аз баъзе кишварҳо мухолифини сиёсиашонро талаб ва баъзан истирдод ҳам карданд.

Ба хусус наметавон қазияи Қурбон Манноновро фаромӯш кард, ки бо иттиҳоми ДОИШӣ будан ӯро зиндонӣ намуданд ва дар зиндон ба шаҳодат расид.

Ҳоло ҳам инсонҳои бегуноҳи зиёде ҳастанд, ки маҳз бо ҳамин иттиҳом дар зиндон ба сар мебаранд.

Дар ҳоле, ки дар сафи ДОИШ хешону наздикони мақомдорон ҳам кам нестанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *