Рубрики Хабарҳо

Шиносоӣ бо фаъолияти бонкҳои исломӣ

Ҳамон тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, тамоми бонкҳое, ки дар ҷаҳон фаъолият мекунанд, аз рӯи системаи рибавӣ фаъолият мекунанд. Ба ивази қарзҳое, ки ба мардум медиҳанд, протсент мегиранд ва ҳар қарзе, ки аз мардум мегиранд бо протсент ба мардум бармегардонанд. Бешак  додугирифт кардан бо ин намуд бонкҳои рибавӣ аз рӯи шариат ҳаром мебошад. Шахси мусалмон наметавонад бо ин намуд бонкҳо муомилаҳои молӣ дошта бошад.

Баръакси бонкҳои оддӣ ё худ рибавӣ хушбахтона бонкҳои исломӣ низ вуҷуд доранд, ки тамоми доду гирифт дар ин бонкҳо аз рӯи шариъат суръат мегирад ва албатта муомилаҳои молӣ кардан бо бонкҳои исломӣ ҷоиз мебошад.

Аввалин бонки исломӣ дар ҷаҳон соли 1963 дар Миср ба кор шурӯъ карда буд, ки бо номи Бонки Носир машҳур буд. Бонки исломии носир фаъолияти маҳдуд дошт ва он қадар нашъунамо ёфта набуд.

Дертар бонки мутакомили исломӣ, бо тамоми хидматҳои фавқулодаи худ соли 1975 дар Имороти Араб дар шаҳри Дубай бо номи Бонки Дубайи Исломӣ таъсис шуд, ки тамоми анвоъи хидматҳои бонкиро дарбар мегирифт. Аз инҷост, ки вақте сухан дар бораи аввалин бонки исломӣ меравад, дарҳол Бонки исломии Дубай ба зеҳн мерасад.

Ҳоло бошад дар саросари ҷаҳон зиёда аз чорсад бонкҳои исломӣ кору фаъолият дорад, ки 78% он дар кишварҳои Арабистони Саъудӣ, Молезия, Туркия ва Иморот фаъолият мекунанд. 

Ногуфта намонад, ки бонки исломии Тавҳидбонк дар Тоҷикистони худамон дар соли гузашта соли 2019 ба кор шурӯъ кард. Тибқи навиштаи дафтари матбуотии Тавҳидбонк дар сойти расмиаш, ин бонк бо низоми бонкҳои исломӣ раванд дорад ва тамоми муомилоташ мувофиқи шариати ислом анҷом мешавад.

Аммо ин бонк, оё маҳз барои хидмати мардум, қарзҳои ҳасана додан ба мардум ва барои даромади касби ҳалол ба роҳ монда шуд ва ё мақсадҳои дигар ҳанӯз рӯшан нест. Шояд барои ҷалби сармояҳои давлатҳои Халиҷи Арабӣ бошад  ва ё шояд ҳам ҷалби сармояи мардуми боэътиқоди кишвар, мардуме, ки аз бонкҳои оддии кишвар бо 30 — 35% қарз гирифта, хонахароб гаштанд ва дигар асло нияти аз бонк қарзгириро надоранд ва ё бо ташкил кардани бонки исломӣ ҳукумат мехоҳад аз эътиқоди динии мардум истифода кунад, мардуме, ки дар қарзҳои Тавҳидбонк рибои ҳаромкарда шударо намебинад, дур аз шубуҳот ба Бонки Исломӣ таваҷҷуҳ мекунанд. Ғараз аз иншои ин бонк чист, инро худи мубтакиронаш ва гузашта аз ин танҳо Худо медонад. Зеро ҳукумате, ки пайваста аз паи ғорати мардумаш аст, гоҳе бо баҳонаи симкорт, гоҳе бо баҳонаи шиносномаҳои нав, гоҳе бо ҷаримаи ҳиҷобу дастархони ид, гоҳе бо иҷбори хариди чароғакҳои сафед ду чашмаш дар ҷайби мардум аст, баъид аст, ки ғамхори ҷомеа гаштаву аз паи қарзҳои ҳасанаву ҳалолхурӣ шуда бошад.

То ки аз мавзӯи аслӣ дур наравем, шумо метавонед маълумоти комилро оиди Тавҳидбонк дар сайти Паём дарёфт кунед. 

Бонкҳои исломӣ аз бонкҳои оддӣ чӣ фарқ доранд?

ҚАРЗИ ҲАСАНА

Бонкҳои маъмулӣ ё рибавӣ вақте ба касе қарз медиҳанд, ҳатман бояд шахси қарзгиранда маблағи гирифтаашро бо фоиз ба бонк баргардонад. Миқдори фоизи протсентӣ чанд сум аст, вобастагӣ дорад ба бонкҳо. Бонкҳое ҳастанд, ки муқобили қарзи додаашон моҳона си фоиз, бист фоиз, баъзан даҳ фоиз рибо мегиранд. Ҳар нафаре, ки масалан сад доллар аз бонк қарз гирифт, бояд пас аз як моҳ саду даҳ доллар ба бонк баргардонад.

Бонкҳое ҳастанд, ки хеле фоизи кам ду фоиз ҳатто, ним фоиз рибо мегиранд. 

Низоми муштараки тамоми бонкҳои ғайриисломӣ дар он аст, ки бо гузаштани муддат маблағи додаашон фоиз мебандаду зиёд мегардад.

Аммо бонкҳои исломӣ ҳар маблағе, ки ба мардум қарз медиҳанд, он қарзи ҳасана аст, бо гузашти муддат он қарз фоиз намебандад, зиёд намешавад. Бонкҳои исломӣ то сездаҳ сол ба мардум қарзҳои дарозмуддат медиҳанд, маблағи қарзи додашуда дар тули солҳо зиёд намешавад.

Аммо ногуфта намонад, ки бонкҳои исломӣ ба ивази хидмати худ аз шахси қарзгиранда маблағ мегиранд. Маблағе, ки ҳамчун протсент неву ҳаққи хидмати бонк ҳисоб мешавад. 

Инҷо уламои шариат дар фатвои муосир мегӯянд:

Бонкҳо барои ҳаққи хидмати худ ҳақ доранд аз шахси қарзгиранда миқдори муайяне маблағ гиранд, зеро хидмате, ки аз тарафи бонк ба шахси қарзгир карда мешавад, ройгон нест. Албатта,  маблағи ҳаққи хидмати бонкӣ бояд баробари хидматашон бошад. Ба миқдори қарзи додашуда ҳеҷ робитае надошта бошад. Барои шубҳаи риборо аз ҳаққи хидмат ҷудо кардан, бонкҳои исломӣ аз тамоми қарзгирандагон ҳаққи хидматро яксон мегиранд. Шахси қарзгиранда маблағи калон қарз мегирад ва ё маблағи кӯчак фарқ намекунад. Ҳар нафаре, ки аз бонк қарз мегирад, бояд миқдори муайян ҳаққи музди бонкро пардохт кунад. Шахси қарзгиранда аввал ҳаққи музди бонкро мепардозад, сипас аз бонк қарз мегирад. Муддати баргардонидани қарз муайян шудааст дар тули тамоми муддат он маблағи қарз, ҳатто дирам ҳам намеафзояд.

Барои замонати пардохти қарз қарзгиранда ба бонк гарав ва ё васиқаи дигаре медиҳад, то ки дар вақти вафо накардан ба аҳд, бонк аз он истифода барад. Соҳибкорон аз бонк қарзҳои ҳасанаи дарозмуддат мегиранд ва бо хотири ҷамъ ҳатто то сездаҳ сол аз он истифода мекунанд, баръакси қарзҳои рибавии бонкҳои оддӣ,,ки ба ивази ҳар моҳ афзоиш меёбад ва шахси қарзгирифта мудом дар фикри фоизҳои қарзаш аст.

МУЗОРАБА

Ҳар шахсе, ки ба бонкҳои оддӣ маблағ мегузорад, он маблағ бо гузашти замон зиёд мешавад. Бонк пулҳои мардумро, ҳамчун қарз мегирад ва онро бо фоиз бармегардонад. Мардуми ба бонк пул дода аз бонк протсент мегиранд, албатта гирифтани тамоми намуди протсентҳо гуноҳи кабира мебошад.

Бонкҳои исломӣ бошанд ба ҷои пулҳои мардумро қарзгирифта онро бо протсент баргардонидан, ба мардум роҳи Музорабаро пешниҳод мекунанд.

Дар шариат музораба гуфта, муомилаи тиҷоратиеро мегӯянд. Дар музораба пул аз як нафар, тиҷорат аз нафари дигар аст. Шумо маблағи дар дастатон бударо ба бонк ва ё тоҷири муайяне медиҳед, ӯ бо маблағи шумо тиҷорат мекунад, ҳар фоидае, ки аз тиҷорат ба даст овард, байни ҳам мувофиқи маслиҳати пештар карда тақсим мекунед. 

Музораба ҳанӯз пеш аз омадани Ислом дар ҷазариаи араб вуҷуд дошт, Ислом омад онро инкор накард.

Дар Бонкҳои исломӣ, бонк ҳамчун шахси тоҷир ҳисобида мешавад. Пули мардумро мегирад бо он тиҷорат мекунад ва ҳар фоидае, ки ба даст овард, байни бонк ва шахси маблағгузор тақсим карда мешавад.

Дар музораба шарт нест байни сармоягузору тоҷир фоида баробар тақсим карда шавад. Панҷоҳ ба панҷоҳ, шаст ба чиҳил, ҳатто даҳ бо навад ҳам мешавад фоидаро тақсим кард, муҳим ин аст, ки пеш аз оғози музораба сармоягузор ва тоҷир бо ҳам маслиҳат кунанд, ва ҳатман миқдори фоидаи байни ҳам тақсим мекардаро, бо рақам неву бо нисбат, даҳ дарсад, си дарсад муайян кунанд.

Сармоягузор  ба бонк ва ё ба ҳар нафаре, ки бо ӯ муомилаи музораба карданӣ аст, агар гӯяд, ки ту ҳар моҳ ба ман маблағи муаяне бояд пардохт кунӣ, масалан ба ивази сад ҳазор доллар бояд ҳар моҳ ба ман панҷсад доллари бидиҳӣ, дар ин вақт музораба неву муомилаи рибавӣ мешавад. Зеро мо дақиқан намедонем, ки оё бо маблағи ба музораба гирифта шуда, ҳар моҳ панҷсад доллар фоида мешавад ё на.

Дар Музораба, агар мабодо ягон фоидае ба даст наояд, сармоягузор тани маблағи додаашро беягон фоида ба даст мегирад ва ҳақ надорад ба ивази муддате, ки пулҳояш дар дасти тоҷир буд, аз тоҷир мабалағи зиёди талаб кунад.

Нуқтаи муҳими дигар дар Музораба ин аст, ки агар мабодо бо тақдири Илоҳӣ беягон кутоҳӣ аз тарафи тоҷир, тиҷорат хасорат бинад, шахси сармоягузор зиён мебинад ва ҳақ надорад аз тоҷир ҷуброни хасорати молашро талаб кунад. Магар ин ки бо далел исбот гардад, ки дар хасорати тиҷорат маҳз  кутоҳии тоҷир сабаб шуда буд.

Агар Музорабаро дақиқ нигоҳ кунем, ин муомила як муомилаи рискӣ аст, ки дар ҳолати хасорат дидани тиҷорат, сармоягузорро хатари муфлисӣ таҳдид мекунад, хатари барбод рафтани молаш, аммо тоҷири корбар, ки дар ин муомила ягон сармоягузорӣ накарда буд, танҳо вақташ талаф мешаваду ҳеҷ молеро аз даст намедиҳад.

Аммо дар суръати бурд кардан, шахси маблағгузор беягон ҷуҳду даводавӣ фоида ба даст меоварад ва тоҷире, ки кордон асту пул надорад, метавонад бо музораба соҳиби амвол гардад.

Ҳар нафаре, ки ба бонкҳои исломӣ маблағгузорӣ мекунад, аз роҳи Музораба фоидаҳои нисбӣ мегирад.

Худи бонк ҳам  баъзан ба ҷои қарзи ҳасана додан ба ширкатҳои тиҷоратӣ, ҳамчун Музораба пул қарз медиҳад ва ба қисме аз фоидаҳои ширкат шарик мегардад.

Муслима Аҳмадӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *