Рубрики Хабарҳо

Муовинони нахуствазирон ба дӯстии тоқикону қирғизҳо таъкид карданд

Гуфтушуниди ҳайати баландмақоми Тоҷикистону Қирғизистон, ки дирӯз аз соати 10 – и субҳ дар марзи миёни Исфара ва Бонканд оғоз ефта буд то дер идома доштааст.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, ин музокирот таҳти роҳбарии Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва Ҷениш Раззоқов, муовини нахуствазири Қирғизистон ҷараён дорад. Дар ин ҷаласа ҳамчунин масъулини баландмақоми ду кишвар аз ҳисоби раисони кумитаи амнияти миллӣ, додситонҳои кул, роҳбарони вазоратҳои корҳои дохилӣ ва сардорони раёсатҳои сарҳадбонӣ иштирок доранд.

Бино ба иттилои онҳое, ки дар раванди ин ҷаласа дар марз иштирок доранд, ҳам Азим Иброҳим ва ҳам Ҷениш Раззоқов дар масъалаи рухдоди танишҳои ахири марзӣ, ки ниҳоят ба тирпаррониҳо анҷомид ибрози назар кардаанд.

Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон, дар ҷараёни суҳбат бо ҳамтои қирғизаш қабл аз оғози кори ҷаласа таъкид кардааст, ки масъалаҳои вобаста ба марзи ду кишвар дар асоси гуфтушунидҳои каблӣ ва санадҳои қаблан тасдиқшуда баррасӣ карда шаванд.

Ҷениш Раззоқов, муовини нахуствазири Қирғизистон иброз намудааст, ки кишвари онҳо низ ҷиҳати ҳалли мусолиҳатмоези масъалаҳои марзӣ ҳама кӯшишҳоро равона мекунад.

“Дуруст зикр кардед, ки дар муносиботи ду кишвар мушкилоти ҷиддӣ вуҷуд надорад. Роҳбарони ду кишвар дастур доданд ва, фикр мекунам, бояд имрӯз суҳбати ошкор дошта бошем ва амнияти сокинони минтақаҳои наздимарзиро таъмин кунем. Имрӯз бояд заминаи ҳуқуқии шаклгирии марзи миёни кишварҳоямонро фароҳам созем,” — афзудааст ӯ.

Азим Иброҳим гуфтааст, “Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳҷӯ ҳамеша омода аст, робитаҳояшро бо кишварҳои хориҷии дуру наздик тақвият бахшад. Дар доираи салоҳиятҳое, ки кишвари Тоҷикистон дар ихтиёр дорад талош меварзад, масъалаи марзро бо кишварҳои ҳамсоя ҳаллу фасл намояд”.

Муовини нахуствазири Тоҷикистон гуфтааст, ки чанд воқеаҳои ахири рухдода дар марз нишон дод, ки баъзе аз сокинони вилояти Бонканди Қирғизистон бо амалкарди худ, муносибатҳои ҳамсоядориву дӯстии байниҳамдигариро дар марз сарфи назар карда ва бо баҳонаҳои беасос дар нором кардани марз пардохтаанд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон миёни ҳам 976 километр марзи муштарак доранд ва аз ин рақам то ба ҳол 504 километри он муайян шудаву қариб 50 % и дигар ҳамчунон номушаххас боқӣ мондааст. Аммо номуайянии марзи давлатӣ борҳо сари тақсими тақсими обу замин дар марз ба рухдоди баҳсу танишҳои марзӣ боис шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *