Боҷи давлатӣ барои бекоркунии ақди ниқоҳ дар Тоҷикистон 5 баробар боло бурда шуд. Ҳадаф аз ин тағйир дар ҳаҷми боҷ камтар кардни талоқ дар кишвар гуфта шудааст, ки солҳои охир бо суръат афзоиш мейбад.
Тибқи иттилоъи рӯзномаи “Садоми мардум”, нашрияи расмии парлумони Тоҷикистон, рӯзи 15 феврал вакилони парлумон тағйирот ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»-ро қабул карданд, ки дар асоси он андозаи боҷи давлатӣ аз 1 ва 1,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба 5 то 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд карда шуд.
Гуфтанист, як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон ба 68 сомонӣ баробар аст. Яъне минбаъд барои бекор кардани талоқ шаҳрванд бояд 340-476 сомонӣ боҷ супорад.
Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон, ки тарҳи тағйирот ба ин қонунро дар парлумон муаррифӣ мекард, гуфтааст, ҳадаф аз ин тағйирот коҳиши талоқ дар кишвар мебошад.
“Зиёда аз чор се ҳиссаи бекоршавии ақди никоҳ дар асоси ҳалномаи суд сурат мегирад. Аз ин рӯ, бо мақсади то андозае коҳиш додани бекоршавии ақди никоҳ бо ҳалномаи суд ва дар асоси аризаи муштараки ҳамсарон андозаи боҷи давлатӣ аз як ва якунимкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо мувофиқан ба ҳафт ва панҷкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд карда шуд”, — гуфтааст Музаффар Ашуриён.
Вазири адлия дар ҳоле ба коҳиши бекоркунии ақди никоҳ бо афзоиши ҷарима умед бастааст, ки хароҷоти тӯйи арӯсӣ дар Тоҷикистон на камтар аз сад маротиба бештар аз ҷаримаест, ки акнун парлумон муқаррар кардааст. Дар ҳамин ҳол ин хароҷоти ҳангуфт шаҳрвнадонро аз талоқ боз намедорад.
Ба гуфтаи вазир, “бекор кардани ақди никоҳ дар ду-се соли охир рӯ ба афзоиш ниҳода, шумораи зиёди кӯдакони ноболиғ аз тарбияи яке аз волидон маҳрум мегарданд”.
Бино бар омори расмӣ, дар соли 2022 дар Тоҷикистон 13 ҳазору 876 оила расман никоҳи худро қатъ кардаанд, ки нисбат ба соли 2021 (13 ҳазору 714 ақди никоҳ) 162 оила зиёд мебошад.
Дар ҳамин ҳол, Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила ҳафтаи гузашта дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар бархе ҳолатҳо талоқҳо тақаллубиянд, чун тоҷикистониён аз ин роҳ мехоҳанд дар Русия шаҳрвандиро ба даст оранд.
“Сабаби дигари азҳампошии оилаҳо нияти шаҳрвандии Русияро гирифтани шавҳарон мебошад, яъне мардон расман ақди никоҳи худро бо занҳояшон бекор мекунанд, то ки дар Русия ақди никоҳи қалбакӣ банданд ва дар ҳамин ҳол, зиндагиашонро бо ҳамсарашон дар Тоҷикистон тибқи никоҳи мусулмонӣ идома медиҳанд. Ин никоҳҳои қалбакӣ омори расман бекоршавии ақди никоҳҳоро зиёд мекунанд”, — шарҳ дод раиси Кумита.
Ӯ гуфт, соли гузашта дар вилояти Хатлон бо мақсади гирифтани шаҳрвандии Русия 804 оила, дар Рашт — 103 ҷуфт ва ноҳияи Ванҷ — 31 ҷуфт ақди никоҳашонро бекор кардаанд.