Рубрики Хабарҳо

Пас аз якрӯз оташбас даргирии марзии Арманистон ва Озарбойҷон аз сар гирифта шуд

Даргириҳои марзии Арманистон ва Озарбойҷон бори дигар дар бомдоди панҷшанбе пас аз гузаронидани як рӯз дар вазъияти оташбас, аз сар гирифта шуд.

Вазоратхонаҳои дифоъи ҳар ду кишвар оғози дубораи танишҳои марзиро таъйид ва ҳар кадом, кишвари муқобилро ба оғози рафторҳои хасмона муттаҳам карданд.

Ҳар ду вазоратхона дар баёнияҳои ҷудогонае эълон карданд, ки аз бомдоди панҷшанбе ҷанг миёни сарбозони ду кишвар дар манотиқи марзи «идома дорад».

Ереван ҳамчунин монанди Боку таъйид кард, ки дар аксуламал ба таҳоҷумоти тарафи муқобил, даст ба зиддиҳамла задааст.

Ду кишвар, ки даҳсолаҳост бо якдигар бар сари минтақаи «Қарабоғ» ихтилоф доранд, рӯзи гузашта пас аз се рӯз даргирии мустақим, ки ҳудуди 16 кушта барҷой гузошт, ҷангро мутаваққиф карда буданд.

Илова бар дархости Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо аз ду кишвар барои таваққуфи даргириҳои низомӣ, Муҳаммад Ҷавод Зариф вазири хориҷаи Эрон низ эълом карда, ки омодаи миёнҷигарӣ миёни ду ҳамсояи шимолӣ аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *