Рубрики Хабарҳо

Русия мехоҳад байни Тоҷикистону Қирғизистон миёнҷигарӣ кунад

Русия омодагии худро барои миёнҷигарӣ дар мавриди ҳалли мушкилоти марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории Осиёи Марказӣ, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар нишасти хабарӣ аз омодагии Маскав барои ҳалли масоили марзӣ байни Қирғизистон ва Тоҷикистон хабар дода гуфт: “Мутаассифона, даргириҳои мухталиф дар марзҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон борҳо рух медиҳанд ва вазъият ташдид мешавад”.

Лавров гуфт: “Мо шарикони худро барои ҳалли масоили марзӣ аз тариқи музокирот ва истифода накардан аз силоҳ даъват мекунем”.

Лавров афзуд, Маскав омода барои миёнҷигарӣ аст, зеро одисозии вазъият дар чорчӯби манофеи тамоми кишварҳои минтақа аст. Тӯли марзҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон 972 километр аст, ки фақат ҳудуди 520 километр аз он аломатгузорӣ шудааст.

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *