Рубрики Хабарҳо

Муҷозоти хуросониҳо ба хотири эътироз

Даҳ сокини ноҳияи Хуросонро барои бе иҷоза даст ба эътироз задан, ҷазо додаанд. Ин афрод аз панҷ то даҳ шабонарӯз ҳабс шудаанд. Аммо тақдири 6 сокини ин ноҳия дар боздошт ҳамчунон норӯшан аст.

Даҳҳо нафар аз ду деҳаи ноҳияи Хуросон, ки бар асари омадани сел хонаву дар ва заминҳои худро аз даст доданд, рӯзи 17-уми май ба нишони эътироз роҳи Бохтар-Душанберо бастанд.

Абдураҳим Раҳимзода, додситони вилояти Хатлон баъд аз ду моҳи ҳодиса, зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар ин эътироз даҳ нафар муҷозот шудаанд.

Раҳимзода, нагуфт, ки тақдири шаш нафаре, ки боздошт ҳастанд, чӣ мешавад. Ӯ танҳо дар бораи даҳ нафаре суҳбат кард, ки ҷазои маъмурӣ гирифта, аз 5 то 10 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шуданд.

Додситонии вилояти Хатлон гуфт,»Дар қонун гуфтагӣ аст, ки бидуни иҷоза набояд гиридиҳамоӣ кунанд, онҳо аз панҷ то даҳ шабонарӯз ҳабс шудаанд,».

Абдураҳим Раҳимзода ҳамчунин хабарҳо дар бораи онки Саидҷон Сафаров, додситони Хуросон ба хотири эътирози сокинон барканор шудаастро рад кард. Раҳимзода гуфт, додситони Хуросон ба мансаби дигар рафтааст ва барканории ӯ ба эътирози сокинон рабт надорад.

Бо вуҷуди шарҳи Додситони вилояти Хатлон дар бораи муҷозоти 10 сокини Хуросон то ҳол тақдири 6 сокини дигари ин ноҳия дар боздошт норӯшан аст.

Дар оғози моҳи июн нисбат ба 6 сокини ноҳияи Хуросон, ки дар эътирози рӯзи 17-уми май иштирок карда буданд, парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Бино ба маълумотҳои расонаишуда чаҳор нафари онҳо дар боздошт буда, ду нафари дигар бо шарти берун нарафтан аз ҷойи зист дар озодӣ мебошанд. 

Радиои Озодӣ зимни гузориши ин хабар навишта, ки пайвандони боздоштшудагон аз суҳбат дар ин бора худдорӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки гирдиҳамоии сокинон, ки мақомот онро ғайриқонунӣ медонанд рӯзи 17-уми май соли ҷорӣ сар зад. Сокинон баъд аз вайрон шудани манзил ва заминҳояшон аз сел бо нишони эътироз аз бетаваҷҷуҳии мақомот роҳи Душанбе-Бохтарро бастанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *