Ҳукумати Афғонистон: 50 зиндонии дигари Толибон озод шуданд
Ҳукумати Афғонистон 50 зиндонии дигари Толибонро рӯзи панҷшанбе озод кард.
Шӯрои амнияти миллии Афғонистон мегӯяд, ки ин афрод шомили садҳо зиндонии Толибон нестанд, ки ҳукумат дар ҳоли ҳозир тасмим ба раҳоии онҳо надорад.
Интизор Ходим, раиси бахши Сулҳ ва ҳифозати ғайринизомён дар Шӯрои амният ба Радиои Озодӣ дишаб гуфт, ки мавқеи ҳукумат дар бораи раҳоии зиндонёни Толибон тағйир накардааст.
Ӯ гуфт: «Мавқеи ҳукумат ҳанӯз ҳам ҳамин аст, касонеки қобили раҳоӣ бошанд, озод мешаванд ва онҳое, ки мутобиқи қонун қобили раҳоӣ нестанд, то замоне дар зиндон боқӣ хоҳанд монд, ки як роҳи қонунӣ ба он дарёфт шавад.»
Мубодилаи зиндонён миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон пас аз он ҷанҷолбарангез шуд, ки ҳукумат гуфт, ҳудуди 600 зиндонии Толибонро, ки муттаҳам ба ҷиноятҳои сангин ҳастанд раҳо нахоҳад кард.
Толибон аз ин тасмими ҳукумати Афғонистон шадидан интиқод кардаанд.
Раҳоии 5 ҳазор зиндонии Толибон ва ҳудуд 1 ҳазор зиндонии ҳукумати Афғонистон бахше аз мувофиқатномаи Амрико ва Толибон аст, ки дар 29 – уми моҳи феврали соли ҷорӣ дар Доҳаи Қатар имзо шуд.