“DerStandard”, яке аз рӯзномаҳои бонуфузи Австрия, имрӯз, 17-уми июли 2020 дар мавриди қазияи Шовализода зери номи “Австрия бояд тоҷики истирдодшуда бозгардонад” хабари таҳлилие , ки то кунун ҳудуди 500 коммент дар зери ин хабарро дар бар доштааст.
ҲНИТ аз тарафи президенти авторитарӣ Э. Раҳмон мамнӯъ шуд
Ин рӯзномаи бонуфузи австриягӣ, ки рӯзона ҳудуди 60 ҳазор нусха фуруш дорад, менависад, ки Додгоҳи федералии Австрия истирдоди ғайриқонунии ин тоҷики 29-соларо маҳкум карда, аз мақомоти расмии зирабти ин кишвар интиқод кардааст, ки парвандаи ин паноҳҷӯи тоҷикро аз наздик баррасӣ накардаанд.
Дар идомаи хабар омадааст: “Ин тоҷик гуфтааст, ки ӯ дар ватани худ таҳти таъқиб ва озору азият аст, зеро ӯ язғуломӣ аст. Ҳамчунин ӯ муттаҳам (аз тарафи ҳукумат) ба мансубият ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст. Ҳизбе ки аз тарафи президенти худкома Эмомалӣ Раҳмон мамнуъ эълон шуд, ки бар асоси додаҳои созмонҳои ҳуқуқи башар мисли Дидбони Ҳуқуқи Башар ин як иқдоми густурдае тавассути раҳбарияти иқтидоргаро ва мустабид дар Душанбе сурат гирифт, то мухолифин ва мунтиқидонро ҳамчун ҷинояткор муаррифӣ кунад.”
Дар хабар ҳачунин омадааст, ки Австрия талаби паноҳандгии аввали ӯро рад кард ва ҳалномаи депорташ содир шуд ва ӯ рӯзи 10-уми январи 2020 барои дарёфти ҳимояти байналмилалӣ (паноҳандагӣ) дархости дигаре кард ва ӯ медонист, ки алайҳи парвандае бо 3 моддаи террористӣ боз шудааст ва дар сурати депорт, ӯ боздошт хоҳад шуд, вале ин дархосташ низ рад шуд ва ниҳоятан ба Тоҷикистон интиқол ёфт.
Рад шудани дархости мақомоти қазоии Тоҷикистон
“Ин ихроҷ ғайриқонунӣ буд, чӣ тавре ки Додгоҳи идории федералии Австрия ҳафтаи гузашта ҳукм содир кард. Илова бар умури дигар, Дафтари Федералӣ дар умури хориҷиҳо ва паноҳандагӣ (BFA) маълумотеро нодида гирифт, ки аз тарафи Дафтари додситони умумии Айзенштадт дар ахири моҳи январи 2020 дарёфт карда буд. Ин дафтар гузориш дода буд, ки дархости мақомоти қазоии Тоҷикистон барои истирдоди Шовализода рад шудааст. Далел ин буд, ки ин дархост (яъне дархости мақомоти қазоии Тоҷикистон) умдатан сиёсӣ аст ва бинобар ин ҳеч раванди истирдод оғоз намешавад.”- таъкид шудааст дар хабар.
Дар ин матлаб омадааст, ки бар асоси версияи ахири маълумот аз моҳи марти имсол гуфта шудааст, ки чӣ тавр нозирони байналмилалӣ дар интихоботи 2015 мутаваҷҷеҳ шуданд, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз парлумон ихроҷ шуда ва баъдан мамнуъ эълон шуд.
Қонунҳои Тоҷикистон байни террористон ва мухолифин фарқ намегузоранд
Ин рӯзномаи австриягӣ менависад: “Бар асоси додаҳо, президент Раҳмон тақрибан тамоми қудратро дар даст дорад ва дастгоҳҳои иҷроӣ, қонунгузорӣ ва додгустариро контрол мекунад. Вақте суҳбат дар мавриди мубориза бо терроризм меравад, системаи қонунгузории Тоҷикистон фарқеро байни ифротгароии ғайрихушунатомез ва хушунатомез қоил нест. Ин ҷиноятсозии ба ин ҳад васеъ дар саркуби мухолифин низ амал мекунанд. Ҳамчунин иттилооте дар мавриди нақзи ҳуқуқи башар, монанди кушторҳои худсарона тавассути мақомоти зиндон, боздоштҳои худсарона ва шиканҷаву бадрафторӣ бо зиндониёни сиёсӣ вуҷуд дорад.”
BFA муваззаф аст, Шовализодаро ба Австрия баргардонад
Дар идомаи матлаб мехонем: “Натиҷаи Додгоҳи идории федералии Австрия таъкид мекунад, ки Шовализода набояд аз вуруд ба хоки Австрия маҳрум бошад ва ин ки Идораи федералӣ дар умури хориҷиҳо ва паноҳандагӣ (BFA) муваззаф аст, тадобиреро иттихоз кунад, то Шовализода дубора ба Австрия баргардад.”
“Вазорати умури дохилаи Австрия дар Вена мегӯяд, ки тасмими депорт дар замони ихроҷ қатъӣ буд. Бинобар ин, Шовализода маҷбур ба ихроҷ шуд. Ба гуфтаи коршиносони ин вазоратхона, ҳеч мабнои қонунӣ барои баргардондани ӯ вуҷуд надорад, ҳарчанд ба ӯ иҷозаи вуруд ба Австрия дода шудааст”,- омадааст дар матлаби мазкур.
Австрия муваззаф аст амнияти Шовализода дар зиндонро ҳифз кунад
DerStandard менависад: “Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, Австрия ҳадди ақал муваззаф аст, талошҳои дипломатии худро барои итминон аз амнияти ӯ дар зиндон анҷом диҳад. Мудофеъони ҳуқуқи башар аз вазъияти Тоҷикистон нигарон ҳастанд, ки раҳбарияти Тоҷикистон борҳо мунтақидон дар хориҷ аз кишварро рабуда ва ё ИНТЕРПОЛ-ро барои боздошти онҳо истифода мекунад.”
Фишорҳо барои баргардондани Шовализода афзоиш меёбад
“Грегор Кламмер, адвокати Шовализода, хостори ин аст, ки кишвари Австрия эътироф кунад, ки масъулият дар қиболи кормандони худро бар уҳда дорад ва фишорҳои умумӣ бар мақомоти ин кишвар афзоиш меёбад”,- омадааст дар ин матлаб.