Дар ноҳияи Ёвон сохтмони фермаи молпарварӣ барои 3 ҳазор сар чорвои калони шохдор шурӯъ шудааст.
Ин ферма дар масоҳати 16 га дар ҷамъати Обшорон бо дастгирии молиявии ҶСК “Мармари” бунёд мегардад, иттилоъ медиҳад маркази матбуотии ҳукумати вилояти Хатлон.
Маблағи умумии пружа, тибқи иттилоъи манбаъ, $8,5 млн.ро ташкил медиҳад.
Қисми аввали ферма барои ҳазор сар гов соли 2020 ба истифода дода хоҳад шуд.
“Фаъолияти ферма асосан барои истеҳсоли гӯшт равона мегардад. Дар сурати пурра ба кор оғоз кардани ферма, 600-700 нафар ба ҷои кор таъмин хоҳанд шуд” – хабар медиҳад манбаъ.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар кишварҳои пешрафат дар чунин ферма 4-5 нафар кр мекунанд. Мақомот шарҳ надодааст, ки дар сурати ба ҳар 4 ё 5 сар гов рост омадани як коргар, чӣ гуна метавонанд гӯштро арзон кунанд.
Ҳамчунин манбаъ нагуфтааст, ки 600-700 одам дар як фермаи говпарварӣ чӣ кор мекунад.
Аз сохтмони ин ферма раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дидан карда, “ҷиҳати саривақт ва бо сифати баланд ба анҷом расидани сохтмони ферма дастуру тавсияҳо” додааст.