Мақомоти Тоҷикистон аз коҳиши талоқ дар кишвар дар нимсолаи авали соли 2023 сӯҳбат мекунанд. Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон имрӯз, 8 август, дар нишасти матбуотӣ аз коҳиши чашмраси талоқ дар кишвар хабар дод.
Ба иттилои вазири адлия, дар 6 моҳи соли 2023 дар Тоҷикистон 5 ҳазору 370 ақди никоҳ бекор шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 1895 адад ва ё 25 дарсад камтар аст. Дар 6 моҳи соли 2022-ум 7 ҳазору 265 ҳолати талоқ ба қайд гирифта шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, ҳолдонҳо коҳиши талоқ дар Тоҷикистонро ба шурути дарёфти шаҳрвандӣ дар Русия рабт медиҳанд. Шаҳром Асозода, ҳуқуқдони тоҷики муқими Русия мегӯяд мақомоти ин кишвар додани шаҳрвандӣ ба далели ақди никоҳ бо шаҳрванди ин кишварро бо шиддат маҳдуд кардаанд.
“Пештар Шаҳодатномаи ақди никоҳ кофӣ буд шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти осони шаҳрвандии Русия роҳ боз кунад. Ҳоло мақомот ин шаҳодатномаҳоро бо диққат тафтиш мекунанд ва дар сурати воқеъӣ набуданаш рад мекунанд. Аксари шаҳодатномаҳои ақли никоҳ, ки қаблан шаҳрвнадони Русия тибқи он шаҳрвандӣ дарёфт кардаанд, қалбакӣ буданд” — гуфт ӯ ба “Паём”.
Ба гуфтаи ӯ “барои бастани ақди никоҳ, ҳатто агар қалбакӣ аст, бояд икоҳат дар кишвари дигар, аз ҷумла Тоҷикистонро бекор кунӣ. Афроди зиёде ақди расмии худро бекор мекарданд, бидуни ин ки аз ҳамсаронашон ҷудо шаванд. Баъди гирифтани шаҳрванди ақдашонро дубора барқарор намуда, барои гирифтани шаҳрвандии ҳамсаронашон мекӯшиданд. Ҳоло ин тарҳ бо мушкил кор мекунад”
Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши никоҳ низ дар соли ҷорӣ хабар дода, гуфтаанд 32 ҳазору 151 акди никоҳ ба сабт шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 қариб 2 ҳазор зиёдтар аст. Дар 6 моҳи соли 2022 дар кишвар 30 ҳазору 266 акди никоҳ ба қайд гирифта шуда буд.
Шаҳром Асозода мегӯяд саҳми муҳоҷирон дар афзоиши никоҳ дар кишвар ҳам кам нест. “Барои мисол соли гузашта агар 177 ҳазор шаҳрвандӣ гирифта бошанд, ҳади ақал 5 дарсадашон онро бо бастани никоҳи қалбакӣ ба даст оврадаанд. Ҳоло онҳо никоҳҳои қаблии худро барқарор мекунанд, ки албатта дар омори мақомоти кишвар таъсир мегузорад”.