То охири ҳафта хунукии шадид ва ҳарорати пасти ҳаво манотиқи Тоҷикистонро то охири ҳафта таҳдид мекунад.
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки аз 24 то 26 ноябр эҳтимоли боридани барф идома ёфта, ҳарорати ҳаво рӯзона 4-8 дараҷа ва шабона 7-11 дараҷа хунук мешавад. 27 ноябр ҳаво мӯътадил гашта, сардии ҳарорати ҳаво паст хоҳад шуд.
Бояд таъкид кард, ки дар натиҷаи сард шудани ҳаво эҳтимоли ях бастан ва мушкилзо шудани роҳҳои куҳҳӣ ва байнишаҳрӣ вуҷуд дорад. Дар ин рузҳо ба шаҳрвандон сафар кардан тавассути роҳҳои куҳӣ ва ба ронандагон бидуни чархаҳои мутобиқ ба фасли зимистон ба роҳ баромадан тавсия дода намешавад.