Рубрики Хабарҳо

Парвозҳо байни Душанбеву Дубай барқарор мешаванд

Аз моҳи августи соли ҷорӣ дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе парвозҳои мунтазам барқарор мегарданд: парвози нахустин шаби имрӯз аз Дубай аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Flydubai пешбинӣ шудааст.

Ҷамила Ҳусейнова котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе хабар дод,   “Ширкат алҳол дар як ҳафта 1 парвоз анҷом медиҳад. То замони пандемия шумори парвозҳо бо ин хатсайр 5 ададро ташкил медод”.

Ӯ қайд кард, ки ширкати “Сомон Эйр” ҳам ба Дубай парвозҳо анҷом дода, парвози аввал бо ин хатсайр аз Душанбе рӯзи 6 август дар назар аст.

“Дар бораи барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ бо дигар кишварҳо алҳол маълумоти саҳеҳ дар даст надорем”, — иброз дошт Ҳусейнова.

Дар хабар қайд мешавад, “Шаҳрвандони ҶТ, ки хоҳиши парвоз ба самти Дубайро доранд, бояд иҷозатномаи вуруд ба қаламрави АМА (раводиди сайёҳӣ ва ё корӣ, суғуртаи тиббии амалкунанда, маълумотнома оид ба саломатӣ, ҳамчунин маълумотномаи эмин будан аз Covid-19, ки давоми 72 соат пеш аз парвоз дода шудааст, дошта бошанд”.

“Барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки азми сафар ба Душанбе доранд, доштани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори ҶТ бобати вуруд ба қаламрави Тоҷикистон, раводид (агар лозим бошад) ва маълумотномаи эмин будан аз Covid-19 зарур мебошад”

Тибқи талабот кулли мусофирон бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.

“Нафароне, ки дар онҳо сирояти Сovid-19 муайян мегардад, дар давоми 14 рӯз дар минтақаҳои карантинӣ бо ташхису табобат фаро гирифта мешаванд. Мусофироне, ки маълумотномаи гузаштани озмоишро бо натиҷаи “манфӣ” дар мӯҳлати 48 соат пеш аз вуруд доранд, бемамониат ба қаламрави кишвар роҳ дода мешаванд. Ин нафарон бояд дар мақомоти тандурустии маҳаллӣ аз қайд гузашта, давоми 14 рӯз зери назорати табибон ихтиёран гӯшанишинӣ намоянд”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *