Инфиҷори даҳшатноке дар бандари Бейрут дар Лубнон ба вуқӯъ пайваст, ки дар пайи он теъдоди зиёде захмӣ ва ба сохтмонҳои атрфи ин бандар, аз ҷумла хонаи Саъд Ҳарирӣ, нахуствазири собиқи ин кишвар осеби фаровоне ворид шуд.
Ин инфиҷор ҳамчунин хисороти зиёде ба мақари нахуствазири Лубнон ва масҷиди Муҳаммад Амин ворид кард. Саъд Ҳарирӣ аз ин инфиҷор осеб надидааст.
Хабаргузории расмии Лубнон (LNA) низ эълом кард, ки инфиҷор аз анбори маводи мунфаҷира дар бандари Бейрут нишон гирифта, таҳқиқот дар борат ин ҳодиса оғоз шудааст.
Дар пайи ин инфиҷор як сохтмони 3-табақа комилан тахриб шуда ва чандин нафар зери он мондаанд.
Шаҳрдори Бейрут гуфааст: инфиҷори имрӯз монанди бомбаборон Ҳерусимо ва Нагасаки буда ва ончи иттифоқ афтод, дар Лубнон бесобиқа аст.
Нахуствазири Лубнон ба эҳтироми қурбониёни инфиҷори имрӯз дар Бейрут, фардоро азои умумӣ эълом кард.
Сафорати Қазоқистон дар Лубнон эълом кард: “сафир бар асари инфиҷор захмӣ шуда ва ба бахшҳое аз сохтмони сафорат хисорат ворид шудааст”.
Вазири кишвари (дохтла) Лубнон гуфт: баровардҳои аввалия нишон медиҳад, ки шиддати инфиҷор дар бандари Бейрут аз маводи мунфаҷираи забтшуда тай солҳои гузашта дар ин бандар манша мегирад.
Ин хабар дар ҳол такмил аст…