Дар тарномаҳои пештара сабабҳои асосии худкушӣ, омори худкушӣ ва то чӣ андоза гуноҳ будани ин амали даҳшатро дида баромадем. Азизоне, ки мавзӯъҳои пештараи моро мутолеа накарданд, метавонанд дар сайти Паём.нет пайдо кунанд.
Имрӯз бошад оиди роҳҳои пешгирӣ аз худкуширо баррасӣ мекунем.
Мусибати худкушӣ, хатари ин амалкарди даҳшат домани тамоми табақоти мардумро метавонад бигирад: наврас, ҷавон, миёнасолу кӯҳансол.
Вақте ба шахсиятҳои нафарони худкушта нигоҳ мекунем, мебинем, ки аксарияти онҳое, ки даст ба ин ҷинояти даҳшатнок заданд, сабаби асосиашон ноумедист. Аз мусибатҳои дунё хаста шуда, умеди худро куллан аз даст медиҳанд, ҳеҷ роҳе барои ҳалли мушкилоту ояндаи нек надоранд, ба васваси шайтон таслим мешаванду худро нобуд месозанд, вале ин бор баробари аз мусибати дунё наҷот ёфтан, худро ба оташи Ҷаҳаннам меандозад ва дигарбора роҳи наҷот нест.
Имон ба тақдир
Аввалин роҳ барои дар баробари мусибатҳои дунё сабр кардан, умеди худро аз даст надодан, имон овардан ба тақдир аст. Ҳар он чие, ки ба сари мо омад аз қисмат аст, инсон замоне оромиши рӯҳиро касб мекунад, ки мусибатҳоро аз тақдир дониста, баробараш сабр кунад.
Нишастан бо солеҳон ва аҳли маърифат
Вақте ба инсон мусибат мерасад, хеле ба дастгирии дигарон ниёз дорад. Сӯҳбат, ҳамдардӣ, меҳрубориву улфат инҳоро метавон танҳо дар ҳамсӯҳбатони солеҳ пайдо кард.
Шахсоне, ки дар вазнинтарин рӯзҳои ҳаёт бо сӯҳбатҳои гарму иршодот, роҳнамоӣ, ҳамдардиву меҳрубонӣ ба шахси ғамзада ёрӣ мекунанд, мусибати шахсро дарк карда, аҳволи ӯро дарк мекунанд ва ба кадом ёрӣ ӯ ниёз дорад, ҳис карда метавонанд дар ҷомеаи имрӯза хеле кам ҳастанд.
Албатта, равоншиносон мутахассиси ин соҳа ҳастанд ва то ҳадда худро наҷотдиҳандаи қалбу аъсоби шикаста мепиндорнад. Вале, чӣ тавре ки дар тарномаи пештара гуфта будем, кишварҳои Ғарб, алалхусус Амрико бо доштани ҷамъи зиёди равоншиносон ва он ҳама марказҳои равоншиносӣ си дарсади мардум мушкилии равонӣ дорад ва дар ҳолатҳои мушкили худро ба даст гирифта наметавонад.
Нафороне ҳастанд, ки бо шунидани мусибатҳои шумо ба ҷои кунҷковӣ ва сирри шуморо фаҳмидану ба дигарон паҳн кардан, бо таҷрибаву ҳикмати худ ба шумо ёрӣ мекунанд, шахсоне, ки илму дониши васеъ доранд ва ин неъмати Аллоҳ додаро барои ёрӣ кардан ба мардум сарф мекунанд. Барояшон муҳим нест, шумо кӣ ҳастед, шахсияти шумо, обрӯи шумо, сарвати шумо, ана ин гуна уламо ворисони ҳақиқии Паёмбар ҳастанд.
Зеро вақте ба ҳаёти Паёмбар нигоҳ мекунем, мардум бо ҳама мушкилиҳои худ ба назди Паёмбар меомаданд, яке мегуфт мол надорад, яке мегуфт бемор аст, яке мегуфт падару морадраш кофир аст, пиру ҷавор зану мард ҳама мушкилиҳояшро ба назди Расулаллоҳ меовард.
Вақте мусибате мерасад, кӯшиш кард бо шахсе, ки солеҳ аст ва таҷрибаи хубу саводи кофӣ дорад, мушкилиро дар миён гузошт, вақте нафари босаводе бо шумо сӯҳбат мекунад, дарк мекунед, ки мушкилии шумо то он андозае, ки шумо бузург мепиндоштед, нест.
Одатан дар вақти мушкили махсусан, дар вақти мушкилиҳои оилавӣ аксарият ба дӯстон ва ё хешовандони наздик, ҳамсояву ҳамдеҳа дарди дил мегӯянд. Албатта ин табии аст, зеро хешовандону дӯстони мо наздиктарин шахсони мо ҳастанд, вале бояд донист, ки на ҳама хешованду дӯст аҳли дарди дил ҳастанд. Баъзеҳо ба ҷои ба шумо кӯмак кардан, бо паҳн кардани асрори шумо, суханҳои нешдору пур аз маъноҳои пӯшида ва маслиҳатҳои аҳмақона мушкилии шуморо чанд барбар зиёд мекунанд. Пеш аз шикоят бурдан ба касе бояд дар атрофи мо киҳо ҳастанд, то чӣ андоза аҳли маслиҳатдиҳиву дарди дил ҳастанд, ҳатман бояд бидонем.
Дар Сунани ибни Моҷа омадааст, ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд:
ان من الناس ناسا مفاتيح للخير مغاليق للشر
Дар байни мардум шахсоне ҳастанд, ки калиди некиҳову қулфи бадиҳо ҳастанд.
Яъне, шахсоне, ки вақте ҳамроҳашон менишинед, тамоми дарҳои фитнаву ноумедиҳоро мепӯшанд, дарвозаҳои некбиниву умедҳоро баоятон боз мекунанд. Ҳамеша бояд аз паи дӯстоне бошем, ки калиди некиҳо ҳастанд, ҳар қадар наздик шуданд, ба ҷуз хайру баракат чизи дигаре дар онҳо нест.
ЗИКРИ АЛЛОҲ, НАМОЗ, РОЗУ НИЁЗ БО АЛЛОҲ
Дар мо ояти машҳуре аст, ки тақрибан ҳамагон борҳо шунидаем:
Огоҳ бошед бо ёдӣ Аллоҳ дилҳо оромиш меёбад.
Ҳар нафаре, ки мухлисона сар ба саҷда ниҳода, ба Аллоҳ ғамҳои худро шикоят бурдааст, ҳар нафаре, ки дар дилҳои шаб ба даст китоби Аллоҳ гирифта бо тадаббур қироат кардааст, мазмуни ин оятро хеле хуб дарк мекунад.
Розу ниёз бо Аллоҳ ёди Холиқе, ки тамоми фатҳу кушоиш дар дасти ӯст, қалбҳои маҷруҳро дармон аст.
Бо сабру намоз аз Аллоҳ талаби кумак намоед.(сураи Бақара ояти 45)
Дар шариат дуои қунут вуҷуд дорад, дуое, ки Паёмбар дар вақти мусибатҳо дар тамоми намозҳои фариза дар ракати охирон мехонданд ва ба Аллоҳ тазаррӯъ мекарданд.
Махсусан намози шаб дар вақти мушкилӣ, нишаста аз Аллоҳ талаби ёрӣ кардан, муъҷизҳое дорад. Ба якборагӣ қалб оромиш меёбад, аъсобҳои харобшудаи ба ваҳму тарс омехташуда, ба тафаккур кардану дарки ҳол намудан ва пайдо кардани ҳалли мушкилӣ шурӯъ мекунад. Якбора пас аз чанд лаҳза инсон дарк мекунад, ки мушкилӣ бо он ҳадде, ки душвору таҳаммул нокардани буд, нест, роҳ ҳалӣ худро низ дорад.
Дод аз дасти шабакаҳои иҷтимоӣ, интернету васоили электронӣ, ки ҳамаи моёнро наздик аст, ғуломи худ созанд. То ҷое, ки тамоми шаб метавонем дар сари фейсбук нишинем, аммо барои намози шаб вақт надорем, сӯҳбати Холиқро ба таъхир меандозему аз паи шуморидани лайкҳои пучи мардум ҳастем.
Дар вақти мусибат, на он лайкҳо дасти моро мегиранду на ягон дӯстони маҷозии дар контактамон буда.
Вақте ба сираи Паёмбар нигоҳ мекунем, сангинтарин мусибарҳое, ки ҳатто баъзеҳо тасаввур карда нметавонанд, ба сари Паёмбар омада буд. Марги падару модар, марги ҳамсари маҳбубаву дар айни замон модари фарзандонашон, марги фарзандон, Паёмбар бо дастони худ шаш фарзанди худро ба хок супорида буданд, ронда шудан аз ватан, тарки ватан, замини муқаддаси Каъба, илова бар ин тӯҳматҳои душманони Ислом, тӯҳмат ба маҷнунӣ, дурӯғгӯву афсонасозӣ, мусибатҳое, ки бо зикраш бояд соатҳо сӯҳбат кард.
Аммо бо ин ҳама ғаму мусибатҳо Ҷарир ибни Абдуллоҳи Баҷалӣ саҳобаи ҷалили Расулаллоҳ мегӯянд: Ман ҳамеша паёмбарро дар ҳолати табассум медидам, чеҳраи Паёмбар ҳамеша хушҳолу башшош буд.
Паёмбар медонистанд, ки паси пардаҳои мусибатҳои дунё дунёи пур аз башорату хушҳоли интизори мӯъминон аст.
Ба ноумеди роҳ надиҳед, яқин дошта бошед, поёни шабҳои сиёҳ сафед аст. Дар дунё нафароне ҳастанд, ки мушкилии онҳо аз мусибати мо ба маротиб зиёд аст, вале ба васвасаи шайтон дода намешаванд, худро ба даст мегиранд.
Тамоми мушкили садҳо роҳҳои ҳал дорад, ягона роҳе, ки мушкилиро ба мусибати абадӣ табдил медиҳад, худкушист.
Муслимаи Аҳмадӣ