Рубрики Хабарҳо

Дар Русия -73, дар Тоҷикистон -40

Расонаҳои Русия рӯзи 12 январ хабар доданд, ки сардии шадиди ҳарорати ҳаво дар нимкураи шимолӣ, дар қаламрави Красноярск рекорд зад.

Дар шаҳраки Эссей, қаламрави Красноярск ҳарорати ҳаво то -73 дараҷа паст шуд. Ба ин ҳад нишондиҳанда сарди ҳаво дар сайёра танҳо дар Антарктида ба қайд гирифта шудаанд.

Рӯзона ҳаво то 66 сард шудааст. Сармои ғайримуқаррарӣ, тибқи иттилои Росгидромет, дар Ёқутистон, вилояти Иркутск ва минтақаи Урал низ дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол дирӯз дар Тоҷикистон низ ҳаво ғайриинтизор то 30 дараҷа хунук шуд. Омода набудани нақлиёт ба сармои зимистон дар шаҳри Душанбе ба мушоҳида мерасид.

Мардум муддати тӯлонӣ дар сардӣ дар истгоҳҳо мунтазири автобус, троллейбусу микроавтобусҳо буданд.

Тавре ки аз шаҳрдории пойтахт хабар доданд, ба корҳои тозакунии роҳҳои шаҳр 193 адад техника сафарбар шудааст, лекин барои тозакунии ҳамаи роҳҳо фурсат намеёфтанд.

Мушкилоти дигаре, ки шаҳрвандонро ба таври ҷиддӣ нигарон кард, ин лағжони рӯи роҳравҳо ва назди биноҳо мебошанд.

Баъзе расонаҳо хабар доданд, ки сармои то 40 дараҷа дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон дар назар аст. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *